We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

Oписание 1001 Нуқтаи тиллоиӣ

тарбияти саҳеҳи фарзандон

ПЕШДАРОМАДИ СУХАН

Андешаи нигориши чунин асаре аз соли 1366 (ҳиҷрии шамсй) ба зеҳнам хутур кард ва бар он шудам, ки ба ин тафаккури аҷиби шавқовар ҳиммат гузорам. Коре, ки дастоварди дувоздаҳсоли пажӯҳиш ҳамроҳ бо бурдборй ва орзумандӣ, бароям ба шумор меомад. Китобе, ки бо салиқаи вижа тавъам бо дуди чароғ хӯрдан ба поён расид ва натиҷаи чунин кори сомонёфтаеро дар пеши рӯй мебинед. Асаре, ки пешинаи он ба даст омада аз баррасии афзун бар як сад ҷилд китоб, садҳо рӯзномаву маҷалла, даҳҳо барномаи омӯзишӣ ва тарбиятии пахпппуда аз телевизион, даҳҳо гуфтугӯ бо хонаводаҳои комёб, баҳрагирӣ аз зиндагиномаҳо, истифода аз таҷрибаҳои гаронсанги бузургони фарох-моя, андешварон, илмварон, худ донишварон ва корозмоиҳои худи нигоранда ва хулосаи сухан кушиш бар гулчиние аз беҳтаринҳо буд, ки барои завҷҳои ҷавон ва соири афроде, ки барои зиндании худ арзиши шоёни таваҷҷӯҳ қоил ҳастанд, метавонад раҳнамо ва коркӯшо бошад ва ба ростӣ оё аз дер боз хонаводаҳои бисёре вуҷуд надоштаанд, ки агар ба суфоришҳои асари кунунӣ огоҳ буданд, бешакку тардид дорои зиндагии нохостаи вопасмонда намешаванд? Танишҳои зиндагиашон нопадидтар намегардид ва парешонии андешаи онон дар зиндагии заношӯйи берангтар намуд пайдо намекард? Боре, афсӯс ва басо афсӯс, ки бо набуди иттилоот ва камможгй зиндагии андӯҳнокеро дар гузари замон сипарй намудаанд ва ҳамин мавзӯъ буд, ки маро ба даст ёзидан ба асари коромад ва чакидаи пурмоя барангехт. Бояд бияфзоям, ки ишқ ва заминаҳои дилбастагӣ ба водоштани тафаккурам дар анҷоми кор бетаъсир набудааст. Албатта, дар чунин корҳо чи басо доварниҳоии замон аст ва рӯзгорони дигар, то доварӣ кунанд, ки оё бар сари чунин коре умр беҳуда сарф шудааст ё хайр!

Қалам задани ин кор вомдори ҳиммати дӯсгон ёвароне чанд будааст, ки дар тули мудцати нигориивц® асар бо завқи саршори худ дилгармкунанда ва мушаввиқи ҳам будаанд ва пайваста ёдоварии таълифи ин гуна асаре, ки ба ҳаққ аз онон сипосмандам.

Умед дорам, ки мсутолиаи китоби имрӯзин ҷаҳиши азиме ва бас фазунтар дар моявар сохтани андешаи алоқамандон ва аҳли китоб карда бошад. Дар камоли беиддиоӣ низ ёдкарди ин шеъри пурмуҳтаворо аз суханвари пӯровоза ва шоири некандеши қарни ҳафтуми ҳиҷрии қамарии Иронзамин яъне, Мавлоно (604-672), зарурӣ медонам:

Оби дарёро агар натвон кашид,

Ҳам ба қадри тайшагй бояд чашид.

Тавзеҳ ин ки китоби ҳозир шомили ду қисмат аст: бахши аввал яъне, аз шумораи 1 то 692, ки марбут ба нуктақои заношуй ва ҳамсардорй аст ва бахши дуввум аз шумораи 693 то 1111, ки дар робита бо ҳомилагӣ ва рушду тарбияти фарзанд мебошанд. Ногуфта намонад, ки бо таваҷҷӯҳ ба 1111 нуктаи овардашуда исмл китобро 1001 нуктаи тиллой (яъне, 110 нукта камтар) интихоб кардам.

Дар зимн бояд ёдовар шавам, чун шеваи хати (имлои) форсӣ дар вазъи ноҳамоҳангӣ ба сар мебарад. Лизо, саъй бар ин буда дар нигориши калимаҳои ба кор рафта ҷумлаҳо, бештар суҳулати хондан дар назар гирифта шавад. (Албатта, ногуфта намонад, ки дар мавориди бисёре аз китоб шеваи имлои форсӣ чолн маркази донишгоҳй ба унвони роҳнамо истифода шудааст.)

Умедворам, чунон чи мутолиакунандагони ин китоб назар ё пешниҳод доранд бо нишонии Қазвин, сандуқ пусти 1196-34185 мукотиба намоянд.

Саранҷом бояд аз масъули интишороти шайх-ул-ислом Аҳмади Ҷом ҷаноби оқои Сарбузй ба ҳақ ва сипосгузорона ёд кунам, ки ба нидои инҷониб нахустин посухи содиқона ва мусбатро дар миёни чанд нафар ношир алоқаманди дигар доданд ва бо дасти ҳиммати худ ва нашри ингуна асаре дар пешбурди фарҳанги заношуӣ ва... ёварии асосй карданд, ки Худованд ёраш бод. '

Бежани Ҳошимипур 3\3\1378

Что нового в последней версии 5.3

Last updated on 31/05/2024

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Загрузка перевода...

Дополнительная информация о Приложения

Последняя версия

Запросить 1001 Нуқтаи тиллоиӣ обновление 5.3

Загрузил

Kai Lee

Требуемая версия Android

Android 6.0+

Available on

Скачать 1001 Нуқтаи тиллоиӣ с Google Play

Ещё

1001 Нуқтаи тиллоиӣ Скриншоты

Язык
Подпишитесь на APKPure
Будьте первым, кто получит доступ к раннему выпуску, новостям и руководствам лучших игр и приложений для Android.
Нет, спасибо
Подписаться
Подписка оформлена!
Теперь вы подписаны на APKPure.
Подпишитесь на APKPure
Будьте первым, кто получит доступ к раннему выпуску, новостям и руководствам лучших игр и приложений для Android.
Нет, спасибо
Подписаться
Подписаны!
Теперь вы подписаны на нашу рассылку.