We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Занхои тавба кунанда icon

1.0 by Китобхои Исломи


Jun 23, 2018

About Занхои тавба кунанда

Zanҳoi tavba kunanda (Kitob gift Borai zanho occupied, Zanon, Modar, Khokhar, duhtar)

Хоҳари мусулмон!

Оё чунин нест, ки ҳар яки мо гуноҳу хатоҳои зиёд дорем?

Оре! Локин оё ҳамаи ин моро аз раҳмати беканори илоҳи ноумед месозад? Оё гуноҳон моро аз мағфирати васеъи Парвардигори ғафур маъюс мегардонад?

Хоҳари мусалмон, ба ин ҳадиси қудси бингар, ки Худованди мутаъол моро даъват намуда чунин мефармояд:

Эй фарзанди одам рости ҳар қадаре дуъо карди ва умед намуда талаби мағфират карди аз мн ҳамаи гуноҳонатро омурзидан ба ман мушкиле нест.

Эй фарзанди одам! Агар гуноҳони ту аз бузурги ба осмон бирасанд ва аз ман талаби мағфират намуди туро афв хоҳам кард.

Эй фарзанди одам! Агар хатоҳои ту заминро пур сохта бошад ва ҳангоме, ки фардои қиёмат бо ман ру ба ру мешави, агар дар дунё чизеро ба ман шарик нахоста боши туро бо мағфират ва омурзиши васеъ беканоре ру ба ру мешавам.

Хушо ба ҳоли хоҳари азизе, ки гуноҳони худро ба тавба бишуяду аз хатоҳояш пеш аз рафтани вақт яъне марг боз гардад ва тавба кунад!

Киро диди, ки аз ин мусибатҳо ва офатҳои дунё саломат монда бошад!?

Киро тандуруст мушоҳида намуди, ки бемор нашуда бошад?

Кадом ҳаётест, ки марг поёнаш нагардид!?

Кадом умрест, ки бо гузашти лаҳзаҳо тамом нашуд!?

Пас эй соҳиби хатоҳо, ашкони равони ту куҷост?

Эй пайрави гуноҳон, барои гуноҳони гузаштай худ гиря кун!?

Эй ошкорсозандаи бадиҳо оё дар дузахи сузон сабру тоқат метавони кард?

Во афсус бар ту ки замони маргат фаро расид, вале тавба накарди! Дареғу ҳасрат барои ту вақто, ки ба суи тавба даъват шуди лаббайк нагуфти ва ҷавоб надоди. Вақто, ки ба кучбаст фаро хонда шавию омодаи сафар набоши чй хоҳи кард?

Хоҳари мусалмон! Воқиъан вақти он расидааст, ки ба суи Парвардигорат бо тавбаву надомат бигарди. Ин садои зани тавбакунанда мебошад. Садои он занро бишнав ва аз тавбааш панд бигир.

Эй онки гуноҳонаш зиёд шудаву саъсиятҳояш ба осмон расидаанд, садои ин занро бишнав ва дар он фикр бикун ва андеша бирон. Ин чанд саҳифаест, ки дар он ахбор ва аҳволи занони тавбакунанда аз гуноҳашон ва талошварзанда бар пушидани айбҳои худ ба хушнуд сохтани Худованди мутаъол ҳамроҳ бо баъзе саҳифаҳои дигае, ки дар онҳо туро ба суи тавбаи насух пеш аз фаро расии аҷал ва ҷудошудан аз дуру наздик ва аҳлу рафиқ фаро мехонанд, нигошта шудааст.

Хоҳари мусалмон!

Ҳамаи мо рости гуноҳ кардаем ва ҳар яки мо муҳтоҷ ба тавбае мебошем, ки моро ба суи раҳмат ва мағфирати Худованд бубарад ба тоъати У кумак намояду аз гуноҳ ва саркаши аз амраш боз дорад.

Ҳоло туро бо ин рисола (садои зани тавбакунанда) гузошта ва аз Худованди мутаъол тавфиқ ва ростию дурустиро дар кирдору гуфтор талаб дорам.

Гувоҳи Худованд ончиро, ки дар синаҳост медонад басандааст.

Ба навиштани ин рисола ба ҷуз ислоҳ қасди дигаре надоштам, ва он қадаре У таъоло ба ман қуввату тавфиқ ато карда буд дар ин маврид ба харҷ додам. Бидуни тавфиқ ва мадади Парвардигор ба ҳеҷ кори хайре қодир нестам, ба он зоти пок таваккал кардам ва наздаш тавба намудам.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Нигоштаи Абумарям Маҷдй фатҳй Сайд Иброҳим

Танто- Миср.

Васфи қуръон занони некукорро

Хоҳари мусалмон, биё назаре ба Қуръони карим биафканем то бубинем, ки Худованди мутаъол сифати занони некро онҳоеро, ки аз гуноҳони худ тавба намуда ба тоъати У таъоло боз гаштаанд, чи гуна зикр намудааст:

﴿عَسَىٰ رَبُّهُۥٓ إِن طَلَّقَكُنَّ أَن يُبۡدِلَهُۥٓ أَزۡوَٰجًا خَيۡرٗا مِّنكُنَّ مُسۡلِمَٰتٖ مُّؤۡمِنَٰتٖ قَٰنِتَٰتٖ تَٰٓئِبَٰتٍ عَٰبِدَٰتٖ سَٰٓئِحَٰتٖ ثَيِّبَٰتٖ وَأَبۡكَارٗا ٥﴾ [التحريم 5]

«Агар пайғамбар талоқ кунад шуморо зудаст Парвардигори У иваз диҳад уро занони дигар беҳтар аз шумо! Гардан ниҳодагон, имондорон истодашавандагон дар намоз, тавбакунандагон, ибодаткунандагон, рузадорандагон, бевагон ва (бархи дигар) духтарон». (Таҳрим ояти-5)

Акнун ба гулшани занони тавбакунанда дохил мешавем ва бар ҳоли эшон ошнои пайдо менамоем то аз ҳаёташон панд бигирем.

والله الهادي إلي الصواب

Аллоҳ таъоло касро ба роҳи ҳақ ҳидоят кунанда аст.

Модарон, хохарон, духтарон, Модархо, Хохархо, духтархо Модархои Хохархои Духтархои тоба тавба кардан пушаймон шудан пушаймони

What's New in the Latest Version 1.0

Last updated on Jun 23, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Translation Loading...

Additional APP Information

Latest Version

Request Занхои тавба кунанда Update 1.0

Uploaded by

Sagar Gosavi

Requires Android

Android 4.1+

Show More

Занхои тавба кунанда Screenshots

Languages
Subscribe to APKPure
Be the first to get access to the early release, news, and guides of the best Android games and apps.
No thanks
Sign Up
Subscribed Successfully!
You're now subscribed to APKPure.
Subscribe to APKPure
Be the first to get access to the early release, news, and guides of the best Android games and apps.
No thanks
Sign Up
Success!
You're now subscribed to our newsletter.