下载 APKPure App
可在安卓获取Афсонахои хиндустони的历史版本
Afsonahoi hindustoni
Хонандаи тоҷик дар бораи Ҳиндустон маълумоти зиёде дорад. Аз таърих, адабиёт, табиат ва аҳолии ин кишвари афсонавӣ бохабар аст. То он даме, ки дар Ҳиндустон адабиёти хаттй пайдо шуд, халки он дорои эҷодиёти даҳанакӣ буда, ҳикоя, ривоят, афсона ва достонҳоро насл ба насл нақл мекар- данд. Далерӣ ва бузургии қаҳрамонҳои халқй, худоҳо, симоҳои асотирй ва афсонавиро дар тасвирҳои ғорҳои Аҷанта, дар деворҳои сангини кӯҳҳои азими Ҳимолой дар шакли муҷас- самаҳо ва ғайра нишон медоданд. Яке аз роҳҳои сермаҳсули паҳншавии фолклор дар Ҳиндустон шунидан ва пас ба насли оянда расонидани ривояту афсонаҳои аз бобою бибӣ, падару модар ва достонсароёни махсус мебошад.
Ҳиндустон мамлакати сераҳолӣ ва сермиллат аст. Он дорои 18 забони давлатӣ: ҳиндӣ, банголӣ, маратҳӣ, гуҷаратӣ, панҷ- обй, ория, ассамй, кашмирӣ, тамилй, телугу, малаялам, канна- да, урду, синдҳӣ, непалй, манипурӣ, биҳорӣ, ва санскрит буда, ҳазорҳо лаҳҷаҳои гуногунро дорад. Ҳар як забон ва ҳар як лаҳҷа дорои фолклори худ аст, ки бо хусусиятҳои миллй ва маҳаллиаш аз ҳамдигар фарқкунандаанд. Вале баъзан ҳамон як афсона ва ё ривояту достонхо, харчанд сужаи як дошта бошанд ҳам, бо ҷою макон ва қаҳрамони худ аз ҳамдигар фарқ меку- нанд. Баъзан ин тавр ҳам мешавад, ки бисёр достону ривоятҳо ва афсонаҳо аз байн беному нишон ғайб мезананд ва ҷои онҳоро афсонаҳои нав мегиранд.
Халқи Ҳинд бо бисёр халқҳои ҳамсоя муносибатҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсй-иҷтимой дорад. Жанрҳои афсона, латифа, зарбулмасалу мақол ва ғ. дар фолклори халқҳои ҳамсоя аз ҷиҳати мазмун, жанрҳо, симоҳо ва сужаҳо басо монандиҳо доранд. Ҳатто воситаҳои бадеии тасвир дар фолклори халқҳо варианти якдигаранд. Чунончи, фолклори ҳиндй, тоҷикӣ, дарй ва форсӣ. Ин навъ ягонагӣ ва наздикй бо таърихи гузаштаи ин халқҳо ва муносибатҳои онҳо вобаста аст.
Дар гузашта афсонагӯй ва афсонашунавй дар шаҳру деҳот, дар байни табақаҳои гуногуни ҷамъият, бачагону занону мардон ба таври васеъ ҷорй буд. Ҳар як гӯянда дар нақли афсонаҳо аз рӯи ҷаҳонбинй, тиннат ва хулқу атвори худ амал мекард. Ин хусусиятҳо ҳам дар тарзи гуфтор ва ҳам мазмуну афсонаҳое, кн ки накд мекунанд, падид меояд.
Дар соатҳои дамгирӣ, дар вақтҳои аз кору бори зиндагӣ фориг гардидани мардум гӯяндаҳои афсонаҳо, латифаву риво- ятҳо ва достонҳо, ки овози хубе доранд ва нақл карда истода, сурудҳои афсонаҳоро месароянд. Одамоне дучор мешаванд, ки ҳамчун гӯяндаҳои афсонаҳои ҳаҷвй низ машҳуранд.
Ҳикояҳои ҳурди пандомез дар бораи ҳайвонҳо, ҳикояҳои дарози пур аз воқеаҳои ғайритабий, ҳикояҳои саргузаштӣ дар бораи одамони шӯху зираку айер сужаи афсонаҳову достонҳои халқиро ташкил медиҳанд. Персонажҳои афсонаҳои сеҳран- гезро ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: 1) қаҳрамони афсо- наҳо ва ёрдамчии онҳо; 2) душманони қаҳрамонҳо ва шарикони онҳо (дев, аҷуза, аждаҳор ва ғ.). Қаҳрамснҳои афсонаю дос- тонҳо мушкилиҳои зиёдеро бартараф намуда, ба мақсади худ мерасанд. Чунончи, достон дар бораи Бҳагавати - девӣ (Уттар Прадеш), дар бораи тоҷир Наяка (Биҳор). Дар музофоти Ро- ҷастҳан бошад, достони шоҳзода Бҳола. Дар шарқи мамлакат дар музофоти ҳиндузабон, қиссаи Биҳула ва Бала Лакҳандаро маъруф аст.
Малика Биҳула ниҳоят зебост ва ҳар кас ӯро дидан замон ошиқ мешавад^Чандин талабгорон сари худро барои ӯ шуда аз даст додаанд. У дар охир як де?;қонбачаеро бо номи Бала Лак- ҳандаро, ки ҳам зебо ва ҳам далер буд, интихоб мекунад.
Қиссаҳое низ ҳастанд, ки мазмуни ватандӯстй доранд. Чунончи, достони Алҳа ва Удала - ду бародари қаҳрамон, ду чанговари ғаюр ва нотарс. Тахмин меравад, ки гӯё достони Алҳа ва Удаларо дар асри XII Ҷагник иом шахсе офаридааст, лекин номи муаллиф оҳиста-оҳиста фаромӯш шуда, худи достон маҳсули фолклори мардумони қисмати шимолии Хиндустон гардидааст.
Дар музофоти Роҷастҳан дар баробари достонҳои ба қахрамонҳои афсонавӣ ва корнамоиҳои онҳо бахшидашуда қиссаҳо дар бораи ғоратгаронп шариф низ вуҷуд доранд. Ин гуна горатгарон аслан бойҳо, роҷаҳо ва мисли инҳоро сайди худ мекарданд.
Last updated on 2018年08月22日
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Афсонахои хиндустони
1.0 by some simpe
2018年08月22日