下载 APKPure App
可在安卓获取ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ Ҷалолиддини Румӣ的历史版本
GULCHINIҒAZALҶaloliddiniRumӣ
Ин кист ин, ин кист ин ширину зебо омада?
Сармасту наълайн дар бағал дар хонаи мо омада.
Хона дар ў ҳайрон шуда, андеша саргардон шуда,
Сад ақлу ҷон андар паяш бе дасту бе по омада.
Омад ба макр он лаъллаб, кафча ба каф оташталаб,
То худ киро сўзад аҷаб он ёри танҳо омада?
Эй маъдани оташ, биё, оташ чӣ меҷўйӣ зи мо?
Валлаҳ, ки макр асту дағо, эй ногаҳ ин ҷо омада!
Рўпўш чун пўшад туро, эй рўйи ту шамс‐уз‐зуҳо,
Эй кунҷу хона аз рухат чун дашту саҳро омада,
Эй Юсуф, аз болои чаҳ бар оби чаҳ зад акси ту,
Он оби чаҳ аз ишқи ту ҷўшида боло омада.
Шод омадӣ, шод омадӣ, ҷодуву устод омадӣ,
Чун ҳуд‐ҳуди пайғамбаре аз пеши Анқо омада.
Эй дилнавозу дилбаре, к‐андарнагунҷӣ дар баре,
Эй чашми мо аз гавҳаратафзун зи дарё омада.
Чарху замин оинае в‐аз акси моҳи рўйи ту,
Он оина зинда шуда в‐андар тамошо омада.
Хомўш кун, хомўш кун, аз роҳи дигар ҷўш кун,
Эй дуди оташҳои ту савдои сарҳо омада.
下载 APKPure App
可在安卓获取ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ Ҷалолиддини Румӣ的历史版本
下载 APKPure App
可在安卓获取ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ Ҷалолиддини Румӣ的历史版本