We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Китоби Руза (Рӯза, Рамазон, Рамадан) 图标

1.0 by Китобхои Исломи


2018年05月12日

关于Китоби Руза (Рӯза, Рамазон, Рамадан)

Kitob礼物Borai Ruza,斋月,斋月,斋月莫希谢里菲

Маънои рӯза дар луғат: «Худдори мебошад».

Маънои рӯза дар истилоҳ:

«Боз доштани нафс аз хурданиҳо ва ошомиданиҳо бо нияти ибодат аз тулуъи фаҷр то нишасти офтоб».

Рӯза доштани моҳи рамазон яке аз аркони ислом мебошад, ки ҳаркасе фарз будани онро инкор кунад аз дин хориҷ мешавад, ва ҳар ки рӯзаро аз танбали тарк кунад аз ҷумлаи фосиқон мегардад, ва ҳатто баъзе олимон мегуянд, ки муртад мегардад.

Дар бораи рӯза оятҳо ва ҳадисҳои зиёде ворид шудааст, ки далолат бар фазлу бузургии он мекунад, аз ҷумла Паёмбар (с) мефармояд:

«Ҳар як амали солеҳи инсон барояш ду баробар ҳисоб карда мешавад, Як амали солеҳ барояш даҳ баробар ҳисоб мешавад, ҳатто то ҳафсад баробар, Худованд мефармояд:

Барои рӯзадор ду шодмони аст шодмони ҳангоми ифтор ва шодмони дигаре ҳангоми мулоқот бо Худованд, ва оби даҳони рӯзадор дар назди Худованд аз мушк ҳам хушбуйтар аст».

Муттафақун алайҳи

Ва барои ҳар мусалмон фарз аст, ки аз ончи, ки рӯзаро фосид месозад дури биҷуяд, мисли ин, ки ягон чизе бихурад ё бинушад, ва ё ин, ки ҳангоми рӯза ва ё баъди он намозҳои фарзиро тарк намояд, чунки тарки намоз инсонро аз дин хориҷ месозад, ва ҳаргоҳ, ки инсон кофир мешавад тамоми амалҳои у ботил мегардад, аз ҷумла рӯза ва ғайри он, чуноне, ки Паёмбар (с) мефармояд:

«Рӯзадоре аст, ки аз рӯзадорияш ба ҷуз гуруснаги ва ташнаги чизи дигаре намебинад, ва таровеҳхоне аст, ки барояш ба ҷуз бехоби чизи дигаре нест».

Яъне на рӯзааш қабул мегардад ва на таровеҳаш ба ҷуз ин, ки худро гурусна ва ташна нигоҳ медорад ва шабашро ба бехоби мегузаронад.

Ин ҳаққи касоне аст, ки рӯза ва намозашонро бо амалҳои бадашон ботил мегардонанд.

Инчунин барои ҳар мусалмон лозим аст, ки аз он амалҳое, ки рӯзаашонро ноқис мегардонад дури биҷуянд, мисли он, ки худашонро дар кори ҳароме олуда созанд, чуноне, ки Паёмбар (с) мефармояд:

«Ҳарки аз туҳмату буҳтон ва амал кардан ба он дури наҷуяд, Худованд ба гуруснаги ва ташнагии ӯ эҳтиёҷе надорад».

Саҳеҳ Бухорӣ

Ва аз ҷумлаи туҳмату буҳтон дуруғ гуфтан, ғайбат кардану суханчини ва мусулмонеро лаънат кардан аст.

Ва аз ҷумлаи амал кардан ба он, танбали намудан дар адои намозҳо дар вақташ, ва намозҳоро бо ҷамоъат дар масҷид нахондан ва савдои ҳаром ва хурдани рибо ва гуш додан ба мусиқиҳо ва исроф кардан мебошад, чуноне, ки Худованд мефармояд:

«Бихуред ва биошомед вале исроф нанамоед».

Аъроф 31

Ва рӯзаҳои фарзи мисли рӯзаи моҳи Рамазон ва қазо доштани он ва рӯзаҳое, ки барои кафорат мебошанд воҷиб аст, ки барои он аз шаб ният карда шавад ва лозим аст, ки пеш аз бомдод ният карда шавад, чунки агар нияти онро пеш аз бомдод карда нашавад гуё, ки чунин рӯзадор чанд вақтеро аз даст додааст, ки бояд дар он бо ният рӯзадор мебуд.

Аммо рӯзаи нафли бошад, барои мусулмон ишколе надорад, ки рӯзона нияташро баҷо биёрад, мисли ин ки дар нисфи рӯзи бошаду чизе аз шиканандаҳои рӯзаро накарда бошад, дар ин ҳолат агар бихоҳад, ки ин рӯзро рӯза бигирад ишколе надорад, ки аз ҳамон вақт нияташро бикунад, чунки ин кор аз Паёмбар (с) собит шудааст.

Локин агар бихоҳад, ки он рӯзро комилан рӯза бидорад то, ки савоби он рӯзро ба пурраги соҳиб гардад мисли ин, ки касе хоҳад ки рӯзи душанберо комил рӯза бигирад, пас бояд нияташро аз шаб бикунад.

Ва ҳамчунин касе, ки мехоҳад аз ҳар моҳ се рӯзияшро рӯза бигирад, пас рӯзаи ӯ пурра намегардад то, ки он се рӯзро аз шабҳояш ният бикунад.

Ва барои рӯзадор воҷиб аст, ки бояд ҳангоми суҳур хурданаш яқин дошта бошад, ки вақти намози бомдод надаромадааст, ҳамчуноне, ки барояш воҷиб аст, ки ҳангоми ифтор бояд яқин дошта бошад, ки офтоб ғуруб кардааст.

Ва мардуми минтақаҳое, ки дар онҷо рӯзҳо бениҳоят дароз мебошанд, мисли минтақаҳои қутби шимоли ва ҷануби ва давлатҳои ҷойгир дар Скандновия мисли Шветсария ва Норвегия, ки дар ин давлатҳо дарозии рӯзҳо аз бист соат зиёд мебошад, бар ин мардум воҷиб аст, ки тамоми рӯзро рӯза бигиранд, агарчи бар онҳо ин кор машаққат биёрад, чуноне ки Худованд мефармояд:

最新版本1.0更新日志

Last updated on 2018年05月12日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

翻译中...

更多应用信息

最新版本

请求 Китоби Руза (Рӯза, Рамазон, Рамадан) 更新 1.0

上传者

Thomas Mang

系统要求

Android 4.1+

更多

Китоби Руза (Рӯза, Рамазон, Рамадан) 屏幕截图

语言
订阅APKPure
第一时间获取热门安卓游戏应用的首发体验,最新资讯和玩法教程。
不,谢谢
订阅
订阅成功!
您已订阅APKPure。
订阅APKPure
第一时间获取热门安卓游戏应用的首发体验,最新资讯和玩法教程。
不,谢谢
订阅
成功!
您已订阅我们的邮件通知。