Usar la aplicación APKPure
Obtener Китоби Рузаи Мохи Шарифи Рамазон versión histórica en Android
Whaler rӯzai moҳi Sharifi Ramadán
Барои огоҳӣ
Ба огоҳии хонандагои мерасонем, ки китоби Накҳати Рамазон пас аз бозбинии комнл, тахриҷи аҳодис ва ривоятҳо ва ворид сохтани иловаҳои тоза бори дигар ба чоп омода гардид. Барои он ҳамчунин номи дигаре, ки онро дар унвони китоб мебинед, интихоб кардем.
Шоёни зикр аст, ки рӯзаи моҳи Рамазон яке аз комилтарин барномаҳои худопарастӣ мебошад, ки барои худсозӣ, хештаншиносӣ ва такомули шахсияти инсон пешбинӣ шудааст. Дини Ислом аз тариқи чунин барномаҳое мехоҳад амалан ба бинои солими шахсияти инсон ва пас аз он бунёди ҷомеъаи рушдёфтае бипардозад.
Дар мактаби моҳи Рамазон шахси рӯзадор дар зарфи як моҳ ба омӯзиши ҷанбаҳои маънавии шахсият, парвариши ирода ва таҳкими пояҳои инсонияти худ мепардозад. Барои он ки битавонад аз баракот ва дарсҳои ама- лии ин моҳ ба таври комиле истифода намовд, бовд дар бораи фалсафа, моҳият, аҳком ва фоидаҳои рӯза қаблан ошноӣ дошта бошад. Мо барои ҳарчи пурбортар гаштани баҳраҳои маънавии рӯзадорон аз моҳи шарифи Рамазон ин рисоларо бо забони равон ва сабки зебо манзури онҳо менамоем.
Дар хотима аз тамоми бародарони арҷманде, ки дар омода сохтани ин китоб ба гунае бо мо ҳамкорӣ доштанд, ба хусус бародари гиромӣ ҲоҷВ Сафаралӣ Шарифзода, ки дар таҳия ва нашри он саҳми арзандаи худро гузоштааст, самимона сипосгузорВ менамоям ва аз Худованди бузург комгорВ ва сарфарозии ӯро дар ду ҷаҳон хоҳонам!.
Аз муаллиф
Last updated on 16/05/2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Requisitos
4.0 and up
Categoría
Reportar
Китоби Рузаи Мохи Шарифи Рамазон
1.0 by Китобхои Исломи
16/05/2018