از برنامه APKPure استفاده کنید
نسخه قدیمی APK 101 кисса аз хаёти Али ибни Абутолиб (р) را برای اندروید بگیرید
Garden yak қissa al ҳaoti Alӣ ibn Abӯtolib (p)
https://ok.ru/group/53630571643013
https://vk.com/kitobhona
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Алӣ ибни Абӯтолиб (р) дар чанд сатр
Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абӯтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) беҳтарин духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ӯ даровард. Падари Ҳасан ва Ҳусейн (р) мебошад.
Падараш Абӯтолиб яке аз бузургони аҳли Макка ба шумор мерафт, ки Паёмбар (с)-ро дар ҳоли ятимияш ба тарбияи худ гирифта буд ва ҳангоме, ки ба паёмбарӣ мабъус гардид, дар муқобили мушрикони араб аз ӯ пуштибонӣ ва ҳимоя мекард.
Модараш Фотима бинти Асади Ҳошимӣ (р), зани бораҳму шафқат ва меҳрубоне буд. Ӯ дар ислом овардан ва ҳиҷрат намудан аз зумраи аввалинҳо мебошад. Паёмбар (с) ба дидидорбинии ӯ мерафт ва дар хонааш хоби нисфирӯзӣ мекард. Ҳангоми вафоташ Паёмбар (с) бо пероҳани худ ӯро кафан карда, намози ҷанозаашро гузоридааст.
Алӣ (р) дар Маккаи мукаррама нӯҳ сол пеш аз зуҳури Ислом таваллуд шуда, дар хонадони Паёмбар (с) нашъу намо ёфт ва дар хурдсолӣ Исломро пазируфта ва аз тарбияи нек ва одобу ахлоқи набавӣ бархурдор гаштааст. Ӯ ҳаргиз ба буте саҷда накарда ва барои онон назр ва ё қурбоние тақдим накардааст.
Ӯ марди хушсимову миёнақад ва дорои ҷисми қавӣ ва риши калону чашмони бузург ва чеҳраи пуртабассум, шонаҳои паҳну дастони пурзур буд. Либоси хоксоронае ба тан дошт, ки гӯё ӯ фақиртарини фақирон буд.
Сифату фазилаташ хеле зиёд аст. Ӯро дарвозаи шаҳри илм, имоми одил, халифаи Паёмбар (с) дар шаби ҳиҷрат ва ғайраву ғайра гуфтаанд.
Тамоми ҳаёташро бо ибодату зуҳду қаноъат ва ҷиҳод дар роҳи Худо гузаронид, то ин ки синни муборакаш аз шаст гузашта ва ба дасти душмани дин ибни Мулҷам ба шаҳодат расид.
Заковат ва ҷиддияти Алӣ (р)
Марде шитобон назди Паёмбар (с) омада гуфт: Эй Расули Худо Қурайш ба аҳдашон хиёнат карданд.
Паёмбар (с) барои фатҳи Макка омода мешуд. Ҳотиб ибни Абӯбалтаа ба дасти зане номае фиристод, то Қурайшро аз тасмими Паёмбар (с) огоҳ созад. Он зан дар ивази мол номаро дар зери муйҳои худ пинҳон карда ва расонидани онро ба зима гирифт.
Хабари кирдори Ҳотиб дарҳол аз ҷониби Худованд ба Паёмбар (с) расид. Он Ҳазрат (с) Алӣ, Миқдод (р) ва дар дигар ривоят Зубайр ибни Аввом (р)-ро дар паи он зан фиристод ва ба онҳо гуфт: Он занро дар фалон минтақа дарёбед ва он номаеро, ки Ҳотиб ба дасти ӯ барои огоҳ намудани Қурайш аз тасмими мо фиристодааст аз дасташ бигиред.
Ҳарду шитобон ба роҳ баромаданд ва он занро дар ҳамон минтақа дарёфта, ба ӯ гуфтанд: Бо худ номае доред?
Зан тарсида гуфт: На, номае надорам.
Сипас онҳо ҳамаи дороиҳояшро тафтиш карданд, аммо номаро наёфта қариб, ки ноумед баргарданд.
Алӣ (р) ба он зан рӯй оварда, бо як боварӣ ва азми содиқ гуфт: Савганд ба Худо, фариштаи ваҳй бо Паёмбар (с) дурӯғ нагуфтааст ва Паёмбар (с) ҳаргиз бар мо дурӯғ намегӯяд, пас савганд ба Худо ё номаро бар мо бароварда медиҳӣ, ё либосатро аз танат мебарорем.
3. Умар (р) Алӣ (р)-ро мебӯсад
Марде бо андӯҳи зиёд назди Умар (р) омада, бо овози дурушт нидо кард: Маро наҷот деҳ эй Амирулмӯъминин.
Умар (р) гуфт:
Аз кӣ наҷотат диҳам? Он мард ба Алӣ (р) нигоҳ карда гуфт: Аз он марде, ки дар паҳлӯи шумо нишастааст. Умар (р) ба Алӣ (р) нигариста гуфт: Бархез эй Абӯлҳасан ва ҳамроҳи ин даъвогар бинишин.
Алӣ (р) назди даъвогар нишаста бо ӯ мунозара кард ва он мард бозгашта рафт. Алӣ (р) боз паҳлӯи Умар (р) гузашта нишаст. Умар (р) нигоҳ кард, ки ранги чеҳраи Алӣ (р) дигаргун шудааст, ба Алӣ (р) гуфт: Эй Абӯлҳасан, барои чӣ чеҳраат дигаргун шудааст? Оё аз он чӣ гузашт норозиед?
Алӣ (р) гуфт: Бале.
Умар (р) гуфт: Аз чӣ норозиед?
Алӣ (р) гуфт: Аз он ки дар назди даъвогар маро бо кунияам Абӯлҳасан хитоб кардед. Чӣ мешуд, ки бо номам садо мекардед.
Умар (р) табассумкунон Алӣ (р)-ро ба оғӯш гирифта бӯсид ва гуфт:
Падарам фидоят бод, Худованд моро тавассути шумо аз торикии куфр ба нури имон ҳидоят кардааст.[3]
Last updated on 27/02/2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
بارگذاری شده توسط
Nicole Gill
نیاز به اندروید
Android 4.1+
دسته بندی
گزارش
101 кисса аз хаёти Али ибни Абутолиб (р)
6.03 by Китобхои Исломи
27/02/2018