We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Icona Дузах

1.0 by Китобхои Исломи


Feb 15, 2018

Informazioni su Дузах

Dӯzah - bo zaboni Tochiki (Tajik)

ан-Нар, Джаханнам, Джахим, ас-Сагыйр, Хутама, Ляза, Дар аль-бавар , Джаханнам, Чаханнам, Чаханам, Ҷаханнам, Ҷаханам, дуздах, дӯздах,

Дӯзах (қисмати аввал)

Дӯзах сарое аст, ки Худованд онро барои кофирон муҳаё кардааст, яъне касоне ки аз шариъати Ӯ мунҳариф ва мункири паёмбаронаш ҳастанд.

Дӯзах азобе аст аз ҷониби Худованд, ки душманони худро дар он азоб медиҳад ва зиндоне аст, ки муҷримонро дар он зиндони мекунад.

Дӯзах дар воқеъ расвоии бузург ва хасорати азиме аст, ки расвоии баъд аз он ва хасорати азимтар аз он вуҷуд надорад.

Худованд мефармояд:

Парвардигоро! Бегумон Ту ҳаркиро (ба хотири аъмоли зишташ) ба оташ дарори барости хору забунаш кардаи.

Ва (инон бар худ ва дигарон ситам кардаанд) ситамгоронро ёваре нест.

Сураи Оли Имрон 192

Боз Худованд мефармояд:

“Оё надонистаанд, ки ҳар кас бо Худо ва паёмбараш душмани ва мухолифат кунад сазои ӯ оташи дӯзах аст ва ҷовидона дар он мемонад? Ин (гирифтор омадан ба дӯзах) расвои ва хории бузург аст”.

Сураи Тавба 63

Боз Худованд мефармояд:

“Аммо шумо ҳар чи ва ҳар киро ҷуз Ӯ мехоҳед бипарастед. (Роҳи ман ин буд ва роҳи шумо ҳарчи мехоҳад бошад, ҳар касе дар оқибати кор он даравад , ки кишт) Бигу: Зиёнкорони воқеъи касоне ҳастанд, ки (умру ҷони) худро (ба сабаби гумроҳи, ҳатто умру ҷони аҳлу аёл) ва вобастагони худро (бо гумроҳсози) дар рӯзи қиёмат (ҳадар диҳанд ва) зиёнбор кунанд. Ҳон! Зиёни ошкор воқеъан ҳамин аст.

Сураи Зумар 15

Оре! Дӯзах чунин аст, ки баён гардид, ва чигуна чунин набошад, ҳоло онки дар он азоб, мусибат, ва ғаму андуҳе аст, ки қалам ва забон аз баёни он нотавонанд. Илова бар ин дӯзах ва аҳли он ҷовидонанд. Инҷост, ки Худованд дар маломати ҷойгоҳи аҳли дузах ба таври муфассал сухан рондааст.

Худованд мефармояд:

“Бегумон дӯзах бадтарин қароргоҳ ва ҷойгоҳ аст”.

Сураи Фурқон 66

Боз Худованд мефармояд:

“Ин (неъматҳо ва баҳраҳои парҳезгорон буд, ки зикри гушае аз он гузашт) ва аммо саркашон (аз хатти фармони Худованд ва шурандагон бар анбиё ва паёмбарон) дорои бадтарин бозгашт ва маъвоянд. Ва он дӯзах аст, бадонҷо дар меоянд ва бадон месӯзанд, Ва чи бад ҷойгоҳ ва қароргоҳе аст”.

Сураи Сод 55 – 56

Оё дӯзах феълан халқшуда аст, ё не?

Дар ин бора имом Абуҳанифа (р.з) мефармояд:

Биҳишту дӯзах ҳамин рӯз, (ки кори дунё ҳанӯз ба поён нарасидааст, яъне ҳамроҳи дунё) офарида шудаанд ва ҳеҷ гоҳ фони намегарданд (аз байн намераванд). Ҳурони сиёҳчашм(и биҳиштӣ) ҳаргиз намемиранд ва иқоб (ҷазо) ва савоби Худои таъоло абадан фано намепазиранд. (Рисолаҳои имом Абуҳанифа, Абдушарифи Боқизода 75)

Биҳишт ва дӯзах офарида шудаанд

Имом Таҳови дар китоби ақидааш дар бораи офарида шудани биҳишту дӯзах мефармояд:

Биҳишту дӯзах офарида шудаанд. Он ду фанонопазир ҳастанд, ва ҳаргиз аз байн намераванд. Худованд биҳишту дӯзахро пеш аз офаридани инсонҳо халқ намуда, барои ҳар кадомаш ёрону ёвароне низ офарида аст.

Барои ҳамин ҳар кас кореро анҷом медиҳад, ки саросари вуҷуди ӯро дар бар мегирад ва ба ҷое меравад, ки барои он халқ шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки неки ва бади дар сарнавишти инсонҳо муъаян шудааст.

Муҳаммад ибни Ҳанафӣ шориҳи ақидаи Таҳови дар тафсири матлаби боло мефармояд:

Тамоми аҳли суннат иттифоқ доранд, мабни бар инки биҳишт ва дӯзах офарида шудаанд, Ва аҳли суннат ҳамвора бар ин ақида буданд, то инки нобиғае аз миёни Муътазила ва Қадария ибрози вуҷуд намуд ва махлуқ будани биҳишту дӯзахро инкор кард ва гуфт: Худованд рӯзи қиёмат биҳишту дӯзахро меофарад.

Асл ва ақидаи ботили онон, иборат аз ин аст, ки: Бояд Худованд чунин кунад, ва чунин накунад, ононро бар он водошт, ки бигуянд: Биҳишту дӯзах офарида нашудаанд, Ва онон дар анҷом афъоли Худоро бо махлуқи Худо муқоиса карданд. Пас онон дар боби афъол Мушаббиҳа (монанд кунандаи холиқ бар махлуқ) ҳастанд, Ва таҷаҳҳум (фикрҳои ҷаҳмия) дар онон сироят намудааст, Ва дар айни ҳол муъаттила (бекор кунандаи сифатҳои Худованд) ҳастанд ва мегуянд: Оаридани биҳишт қабл аз ҷазо ва подош беҳуда ва ъабас аст, Зеро бо ин тартиб биҳишт то муддати мадиде отил (бекор) ва ботил мемонад.

Novità nell'ultima versione 1.0

Last updated on Feb 15, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Traduzione in caricamento...

Informazioni APP aggiuntive

Ultima versione

Richiedi aggiornamento Дузах 1.0

È necessario Android

4.1 and up

Mostra Altro

Дузах Screenshot

Iscriviti ad APKPure
Sii il primo ad accedere alla versione anticipata, alle notizie e alle guide dei migliori giochi e app Android.
No grazie
Iscrizione
Abbonato con successo!
Ora sei iscritto ad APKPure.
Iscriviti ad APKPure
Sii il primo ad accedere alla versione anticipata, alle notizie e alle guide dei migliori giochi e app Android.
No grazie
Iscrizione
Successo!
Ora sei iscritto alla nostra newsletter.