We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

Informazioni su Роxи начот

Roҳi naҷot Kitob bo zaboni Tochiki

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Паёмбари бузурги Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ҳадиси мутавотире роҳеро ба унвони танҳо роҳи наҷоти уммати исломӣ аз гумроҳӣ муаррифӣ кардаанд. Мо дар ин навиштор, ин роҳи наҷотро, ки бешак як масъалаи бисёр муҳим ва сарнавиштсозе аст, мавриди баррасӣ ва дар ихтиёри хонандагон қарор хоҳем дод.

Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ин ҳадиси мутавотир уммати исломиро ба пайравӣ аз китоби Худо ва Аҳли Байти худ суфориш намуда ва эълон мефармоянд, ки танҳо роҳи наҷот аз гумроҳӣ, бо пайравӣ аз ин ду ба даст меояд. Бинобар ин ҳар ки хоҳону толиби ризояти Парвардигор ва биҳишти ҷовидон аст, бояд аз ин ду ёдгори Расули Худо ( Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ), ки ба амонат гузоштаанд пайравӣ кунад то саодати абадиро ба даст оварад.

Ин ду амонати он ҳазрат он қадар муҳим аст, ки бино бар эътирофи уламои аҳли суннат, Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) онро дар се моҳи охири умри шарифи худ дар се чаҳор макон ва замонҳои гуногун ба уммати худ бозгӯ карда ва уммати худро ба пайравӣ ва чанг задан ба он тавсия ва супориш фармудаанд.

Ҳамчунин аз матолиби муҳимми дигар ин ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба уммати худ хабар додаанд, ки баъд аз он ҳазрат 12 нафар халифа ва ҷонишинони он ҳазрат хоҳанд омад. Ва аз ҷумлаи ҷойҳое, ки он ҳазрат ин ҳадиси шарифро фармудаанд, дар Ҳаҷҷатул видоъ ва рӯзи Арафа аст. Пас он ҳазрат дар Ҳаҷҷатул видоъ ва дар рӯзи Арафа ба уммати худ, ҳам аз раҳбарии китоби Худо ва Аҳли Байти худ хабар додаанд ва ҳам аз ин ки ин раҳбарони динӣ 12 нафаранд.

Вале мутаассифона хелеҳо огоҳона ё ноогоҳона ба ин аҳодису суфориши он ҳазрат амал намекунанд ва аз он хеле фосила гирифтаанд. Бинобар ин мо хостем дар ин навиштор ин мавзӯъ ва масъалаи муҳимро дар ихтиёри хонандагони азиз тарҳ намоем то иншоаллоҳ роҳнамое дар шинохти ҳақ ва пайравӣ аз он ва расидан ба саодати абадӣ бошад.

Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ин ҳадиси мутавотир, танҳо як роҳ ва амал ба онро сабаби наҷот аз гумроҳӣ муаррифӣ фармудаанд. Пас ҳар ки мехоҳад гумроҳ нашавад, танҳо роҳаш ҳамин аст, ки бояд аз китоби Худо ва Аҳли Байти он ҳазрат пайравӣ кунад ва дар ғайри ин сурат, Ислом ва Худованди Мутаол ҳеҷ тазмине ба касе накардаанд.

Пас бо вуҷуди ин ҳадиси мутавотир, ҳеҷ узре дар пешгоҳи Худованди Мутаол нахоҳем дошт!

Ёдовар мешавем, ки мо дар ин навиштор танҳо китобҳоеро овардем, ки ин ҳадисро бо санад зикр кардаанд ва ё дар бораи санади он назар додаанд, вагарна ин ҳадисро садҳо китоби дигар ва уламо дар навиштори худ зикр кардаанд, ки мо ба онҳо ишора накардем.

Огоҳон медонанд, ки дар бораи ҳадиси мутавотир қонун ин гуна аст, ки лозим нест ба саҳеҳ ва ё заиф будани санади он таваҷҷӯҳе бишавад, чун ҳадиси мутавотир судураш аз маъсум қатъӣ ва яқинӣ аст ва ҳеҷ шакке дар он роҳ надорад. Аммо бо ин вуҷуд, мо аксари санадҳои ин ҳадиси шарифро баррасӣ ва ба саҳеҳ ё заиф будани санади он ишора кардем. Ва чун ин ҳадис, аз аҳодиси хеле муҳим, ки дар воқеъ дар ҳаққаш хеле кўтоҳӣ ва зулм шуда ва ба мардум бозгў нашуда ва аз мусулмонон пинҳон нигаҳ дошта шуда аст, бинобар ин, барои ин ки хонандаи азиз ба азамати ин ҳадис пай бубарад, мо санадҳои ин ҳадисро низ ҳамроҳи матни арабии он комил овардем, то агар хонандаи азиз худ ҳар кадом аз санадҳои онро хост, метавонад мавриди баррасӣ қарор бидиҳад.

точики малоик китоб точик таджикский мусалмон мусулмон фаришта фариштахо малакуль мавт ангел смерти ислам азроиль мурдан мудан смерть мурда мурд муд дин ислом шариат Худо Аллох фавт Аллах Бихишт дузахт дузах Чаннат Чанна гамгин машав нашав бда чарима чаримахо намоз оиша хичоб аврад оиша аиша пайгамбар паёмбар паембар никох тахорат 40 дуои зарури дуо 40 дуъои дуъо зарури имом имам бухори бухари куръон курон коран тачвид тачвиди фотима али умар усмон усман абубакр сиддик хадис хадисхо сахех сахехи талок дасти дуои модар закон хач хадж закат руза рамазон рамадан

Novità nell'ultima versione 34.0222

Last updated on Feb 9, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Traduzione in caricamento...

Informazioni APP aggiuntive

Ultima versione

Richiedi aggiornamento Роxи начот 34.0222

Caricata da

Alexis Anyul

È necessario Android

Android 4.1+

Mostra Altro

Роxи начот Screenshot

Lingua
Iscriviti ad APKPure
Sii il primo ad accedere alla versione anticipata, alle notizie e alle guide dei migliori giochi e app Android.
No grazie
Iscrizione
Abbonato con successo!
Ora sei iscritto ad APKPure.
Iscriviti ad APKPure
Sii il primo ad accedere alla versione anticipata, alle notizie e alle guide dei migliori giochi e app Android.
No grazie
Iscrizione
Successo!
Ora sei iscritto alla nostra newsletter.