사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
동의함 더 알아보기
Никоҳ 아이콘

1.0 by BGIDEGA.PRO


Oct 31, 2019

Никоҳ 정보

잔 바, 아 보디 니코 바로이 마트 알롤 megardad를 올립니다. Қoidҳoi Nikoҳ.

Дар мавзӯи никоҳ ё худ бинои заношавҳарӣ дар хазонаи фарҳангӣ ва қонунгузории ислом, ба маҷмӯаи муқаррарот ва раҳнамоиҳое бармехӯрем, ки пойдевори бинои ҳаёти заношавҳариро аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирӣ, интихоби куфв (ҳамто)-и муносиб ва ҷуфти шоиста, то марҳалаҳои ниҳоӣ ва сояафкан гардидани гунбади хонавода бар сари зану шавҳар, зери пӯшиш қарор додааст.\n

Дар барпо намудан ва ё бастани ақд низ мушаххасот, шартҳо ва бастабандиҳое гузошта шудаанд, ки бе риояи онҳо ақд баста намегардад, ҳамчун сурати доду қабул, ҳузури ду шоҳид ва дар гӯшраси онҳо баргузор гардидани маросими доду қабул (ақд). Ҳар сурати заношавҳарӣ ва робитаҳои пайванддиҳандае, ки берун аз ин муқаррарот анҷом бигирад, фосид ва бепоя мебошад.\n

Аз як сӯ, шариати ислом ба хотири ғамхорӣ, шинохти ҳассосият ва раҳнамоии лаҳзаҳои бетаҷрибагии ҷавон дар коргоҳи зиндагӣ ва давраи хомии фикри инсони тозаворид ба арсаи ҳаёти хонаводагӣ, асли сарпарастӣ ва бунёди валигиро бино ниҳодааст, то писару духтарро аз ҳамон даврони хурдсолӣ қадам ба қадам то марҳалаҳои рушди фикрӣ ва расиши балоғат зери назорат ва мавриди роҳнамоӣ қарор диҳанд, то онҳо дар ниҳоят ҳаётдида шуда, барои як бор ҳам бошад, дар баҳри таҷрибаҳои зиндагӣ шиновар гарданд.\n

Аз сӯи дигар, озодиҳо ва ҳаққи интихоби ҷуфтро барои писару духтар мавриди таъкид қарор додааст. Писару духтари наврас ва хурдсол, ки ҳанӯз аз зиндагии худ таҷрибаи кофие наандӯхтаанд, ниёзи домангире ба роҳнамоиҳо ва назорати лаҳза ба лаҳзаи сарпараст ва валии худ доранд ва ҳамин ки ба синни рушду балоғат расиданд, дигар ба андозае аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифтаанд. Ин ҷост, ки ҳаққи интихоби ҳамсар комилан ба худи онҳо интиқол меёбад ва барои валӣ танҳо нақши роҳнамоӣ ва насиҳат боқӣ мемонад, на ҳаққи тасмимгирӣ.\n

Вале бо бардоштани қадами дигаре, ки камар бастан ба ҳаёти заношавҳарӣ аст, дигар зан шавҳардида ва дорои таҷрибаи кофӣ ба шумор меояд ва валӣ дар интихоби вай ҳаққи эътирозе ҳам надорад.\n

Агар ҳуқуқи тасмимгирӣ ва сарпарастӣ барои писару духтари хурдсол, умуман, аз салоҳиятҳои валӣ ба шумор ояд, ки аз маҳдудтар будани ихтиёроти амалии онҳо то андозае хабар медиҳад, пас аз расидан ба синни балоғат ва рушди фикрӣ, ҳуқуқи валӣ ҳарчи костатар ва ихтиёроту салоҳиятҳои писару духтар пурра мегарданд. Вале пас аз ин ҳам ҳаққи роҳнамоӣ ва насиҳат барои валӣ маҳфуз мемонад, то дар сурати ба фиреб афтодани духтару писар дар интихоби ҳамрадифи шоиста ва куфви ҳамсанг, ба кӯмак ва ислоҳи онҳо бархезад.\n

Дар бораи маҳр низ ислом роҳи ҳарчи муносибтар ва фарогири ҳолатҳои фақру бенавоӣ ва дороию бениёзии табақаҳои гуногуни мардумро пешкаш намудааст. Барои дуруст гардидан ва ҷанбаи шаръӣ пайдо кардани ақди заношавҳарӣ камтарин миқдори маҳрро, ба ҳаҷми даҳ дирҳам, муайян намуда, барои ҳадди болои он марзе муайян накардааст.\n

Дар он ҳолат инсон на ба додани маҳр ва на ба баровардани ниёзҳои зиндагӣ (нафақа) қодир мебошад. Иқдом ба бинои хонавода бо чунин дасти тиҳӣ на танҳо мушкилфарин аст, балки худ, нашнохтан ва сарфаҳм нарафтан ба моҳияти зиндагӣ ба шумор меравад. Худованд дар ин бора мефармояд:\n\n

«Онҳое, ки имконоти издивоҷро надоранд, бояд, то он замоне ки Худо онҳоро аз фазли худ бениёз гардонад, иффат ва покдоманӣ намоянд». (2)\n

Ҳамин аст, ки бархе аз имомони фиқҳӣ ва донишварони исломӣ аввал сару сомон бахшидан ба вазъи зиндагӣ ва сипас бунёди хонаводаро тавсия намудаанд. (3)\n

Қуръони карим се чиз: оромиш, муҳаббат ва дилсӯзиро муҳимтарин фалсафаи ҳаёти заношавҳарӣ ва асоси тамоми хушиҳо дар зиндагии хонаводагӣ мегӯяд. Чӣ тавре дар ояти 21-уми сураи Рум мехонем, яке аз нишонаҳои қудрат ва осори ҳикмати Парвардигор дар офариниши ҷинси зан он аст, ки мард бо ҳамзистӣ дар канори вай оромиши ҳамаҷонибаи худро пайдо намояд ва барои таҳаққуқи ормонҳои зиндагӣ дар ҳаёти якҷояи онҳо Худованд дар миёнашон муҳаббат ва дилсӯзиро ниҳодааст.\n

최신 버전 1.0의 새로운 기능

Last updated on Oct 31, 2019

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

번역 로드 중...

추가 앱 정보

최신 버전

Никоҳ 업데이트 요청 1.0

업로드한 사람

عزام مهدي صالح

필요한 Android 버전

Android 4.0.3+

더 보기

Никоҳ 스크린 샷

APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공적으로 구독!
당신은 이제 APKPure에 가입되었습니다.
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공!
당신은 이제 우리의 뉴스 레터를 구독하고 있습니다.