사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
동의함 더 알아보기
Паёмбаратро Бишнос 아이콘

1.0 by Китобхои Исломи


Sep 18, 2018

Паёмбаратро Бишнос 정보

Paombari Islom Muҳammad (c) -PO Bishnos

РИСОЛАИ ТАКМИЛ Дар шинохти паёмбари ислом (с)

Муддати чанд соли охир аз сирати набавӣ ва рӯзгори хулафои рошидин рисолаҳои зиёде навишта ва ё аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ баргардонида шуда ба табъ расидаанд.

Вале силсилаи рисолаҳои кӯтоҳу пурмуҳтавои Одили Шидди ва Аҳмади Мазид дар бораи паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва хулафои рошидин, ки ба табъу нашри онҳо интишроти "Паёми ошно" тасмим гирифтааст, аз чанд ваҷҳ беҳтар ва афзалтар ҳастанд.

Аввалан, дар нисбати мухтасар ва аз мазмуну маъноҳои туфайли ва хурофоти дур будан, дувум бар асоси санад ва далелҳоӣ таърихи нигошта шудан ва савум забони сода ва оммафаҳм доштан.

Ва китобе, ки акнун дар дасти хонандаи муҳтарам қарор дорад, на танҳо мухтасари зиндагинома ва ақволу рафтор, одобу ахлоқи паёмбари исломро дар бар мегирад балки бо доштани ҳуҷҷатҳои собит аз Қуръон, ҳадис, сират, ривояти асҳоб метавонад як дастури илова ва такмили барои дарки зиндагиномаи барои таърихи башарият ибратомузи паёмбари акрам (с) бошад.

Махсусан фаслҳои ахлоқи паёмбар (с), сабру таҳаммул дар ранҷу машаққат, масъалаи ҳиҷрат, ҳикмати ҳиҷрат, усулҳои таълимии паёмбар (с) бар асҳоб ва уммат, тарзи муносибат ва муоширати паёмбар (с) бо мардум, махсусан бо занону тифлон, меҳрубони ва шафқати ӯ бо ҳоҷатмандон ва мустазъафон дар шинохти ростини ислом ва паёмбари бузургвори ӯ барои хонанда ва ислоҳи ахлоқ ва рафтори ҷомеъа, махсусан ҷавонон дастури хуби зиндагӣ хоҳад буд.

Паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро Бишнос

Ҳамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш.

Хонандаи азиз! беҳтарин вақтҳое ки мо сипари мекунем ва худро машғули он месозем ин хондан ва саиру гашт дар сирати набави ва рӯзҳои Муҳаммади ҷовидона аст, дуруди бекарон бод, бар равони поки эшон ва аҳли хонадону пайравонаш.

Чун инсон саргузашти Паёмбар (с)-ро мехонад, ҳис мекунад, ки дар он замон зиндаги карда истодааст ва гуё ҳамаи он ҳодисаҳои бузурге, ки мусулмонон дар он замон аз сарашон мегузарониданд, онҳоро дар он ҳодисаҳо ҳамроҳӣ мекунад, ҳатто ҳис мекунад, ки яке аз онҳост.

Дар хондани саргузашти Паёмбар (с) инсон аз чанд чиз бохабар мешавад. Мисли шинохтани шахсияти Паёмбар (с) ва тариқаи ӯ дар ҳаёту зиндагияш, ва даъвати ӯ дар роҳи Худо, дар ҳолатҳои сулҳу ҷанг.

Инчунин хонандаи саргузашти Паёмбар (с), сабабҳои пирӯзиву мағлубшавиро мефаҳмад ва мефаҳмад, ки дар сурате, ки бар сараш чунин ҳодисаҳо биёяд, чигуна бояд рафтор ё амал кунад, чунки ӯ нуқтаҳои заъфу қувватро мефаҳмад.

Инчунин ба хондани саргузашти Паёмбар (с), мусалмонон боварияшонро аз даст намедиҳанд, ва таваккулу яқинашонро ба Худованд қавитар мегардонанд, ва яқин медоранд, ки агар онҳо тоати Худовандро мухлисона ба ҷо биёранд, Худованд онҳоро нусрат медиҳаду ҳамроҳи онҳо мебошад.

Аслу насаби паёмбар (с)

Ӯ Абулқосим Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб ибни Луъай ибни Ғолиб ибни Фаҳр ибни Молик ибни Назр ибни Кинона ибни Хузайма ибни Мадрака ибни Илёс ибни Мазар ибни Наззор ибни Маъд ибни Ъаднон ибни Исмоъил ибни Иброҳим алайҳи салом мебошад.

Инаст насабе, ки миёни уламои аҳли суннат ва ҷамоат дар он иттифоқ шудааст.

Номҳои паёмбар (с)

Аз Ҷубаиъйр ибни Мутъим аз Паёмбар (с) ривоят аст, ки гуфт: «Ман номҳое дорам, ман Муҳаммадам ва ман Аҳмадам ва ман Моҳиям, ки Худованд бо ман куфрро аз байн мебарад ва ман Ҳоширам, ки Худованд мардумро назди пои ман ҳашр мекунад ва ман Ъоқибам, ки баъди ман Паёмбаре нест».

Аз Абумусои Ашъарӣ ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфт: «Ман Муҳаммадам ва ман Аҳмадам ва ман Муқаффиям ва ман Ҳоширам ва ман Набии тавбаам, ва ман Набии раҳматам».

(Мухаммад, Муҳаммад, Ахмад, Аҳмад, Мукаффия, Муқаффия, Хошир, Ҳошир, Наби, Набии тавба, Набии раҳмат)

최신 버전 1.0의 새로운 기능

Last updated on Sep 18, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

번역 로드 중...

추가 앱 정보

최신 버전

Паёмбаратро Бишнос 업데이트 요청 1.0

업로드한 사람

Patryk Kreft

필요한 Android 버전

Android 4.1+

더 보기

Паёмбаратро Бишнос 스크린 샷

언어
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공적으로 구독!
당신은 이제 APKPure에 가입되었습니다.
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공!
당신은 이제 우리의 뉴스 레터를 구독하고 있습니다.