Use APKPure App
Get Девони Ҳофизи Шерозӣ old version APK for Android
Devon Shoira mashҳuri toҷiku force Hoҷa Shamsiddin Muҳammad Ҳofizi Sherozӣ
Ин барнома дорои Девони шоири машҳури тоҷику форс, суфӣ ва ҳофизи Қуръон, Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофиз (форсӣ: خواجه شمسالدین محمد حافظ شیرازی) мебошад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини Эрону Ҳиндустон, Афғонистон ва Осиёи Миёна шуҳрат пайдо карда, дар дили ҳазорон пайравону муштоқонаш ҷой гирифтааст. Номи баланди Ҳофиз аз ҳудуди ватани худ – Эрон гузашта дар тамоми дунё машҳур шуд. Вай дар замоне, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Эрону Мовароуннаҳр бисёр воқеа ва ҳодисаҳои ногувор рӯй медоданд умр ба сар бурда ва бо қалами сеҳрангези худ ҳама беадолатию мардумфиребӣ, ҷахлу ғурури табақаҳои ҳукмрони ҷамъиятро фош мекард. Аҳамияти каломи шӯрангези Ҳофиз ва сирри шуҳрати шоири бузург дар ин аст, ки маънӣ ва мазмунҳои баланди назарӣ, панду ҳикматро бо суханҳои ширин баён кардаву ба ҳар мавзуъ аз равзанаи ишқ менигарад. Умуман Ҳофиз дар эҷод намудани шеър монанди як наққоши моҳир ҳар як маъниро бо рангхои зебо оро дода, маънӣ ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Аз ин ҷихат Ҳофиз ҳам монанди бисёр шоирони гузашта боварӣ дошт, ки шеъраш умри зиёде хоҳад дид.
Дар китобхонаҳои машҳури дунё, нусхаҳои девони Ҳофиз дар қатори пурарзиштарин осори инсоният маҳфузанд.
Намунаи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар Ҳиндустон ва Арабистон, Туркия, Озарбойҷон, Осиёи Миёна, Россия, Олмону Ингилистон ва ғайра нашр ва тарҷума гардидаанд. Бисёре аз шоирони ғазалсаро, чун К. Ҳуҷандӣ, Ҳилолӣ, Фузулӣ, Навоӣ, Ҷомӣ, ва ғайраҳо аз ғазалҳои ӯ илҳом гирифта ва дар пайравии ашъори ҷаҳоншумулаш эҷод кардаанд. Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Ҳофизро тақлид карда, аз ашъори дилнишини ӯ баҳра ёфтанд. Ба ҳамин тариқ, шуҳрати Ҳофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарқу Ғарб паҳн гардида, дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми арҷманде гирифтааст. Яъне Ҳофиз яке аз он шоиронест, ки хусусиятҳои бисёр нозук ва латифи забони дарӣ – порсиро медонист. Дар тараққӣ ва ҳусну латофати ин забон хизматҳои тақдиршавандае кардааст, дар ашъори ӯ садҳо таркиб ва ибораҳои нав вомехӯрад.
Ҳофиз дар ғазалҳои ҷонгудози худ пеш аз ҳама ишқро тараннум карда, онро чун ёдгори бемунтаҳои инсоният ба қалам додаст. Осори Ҳофиз ба қатори дастовардҳои тамаддуни ҷаҳон дохил шудааст ва аз ин рӯ, ҳамчун яке аз бузургтарин шоири лириканависи беназир шуҳрати ҷахонӣ дорад. Ҳофиз ва шахсияти ин сухансарои номӣ диққати бисёр бузургони ҷаҳонро ба худ чалб кардааст. Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези ғазалиёти Ҳофиз баҳравар шудаанд ва дар ситоишу васфи каломи шӯрангези ӯ таассуроти хешро баён кардаанд. Бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ шоири немиси асри XIX Гёте андешаҳои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илҳомбахш, пас аз ошноӣ пайдо карданаш бо эҷодиёти Ҳофиз навиштааст: “Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғоз ва анҷом нест. Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавчи дигар берун метаровад».
Китоб (барнома) аз қисмҳои зерин иборат аст:
• девони пурра бо намуди ҳарфҳои тоҷикӣ ва форсӣ
• ҷустуҷӯи ғазалҳо (Action Bar)
• мундариҷа
• саҳифаи тасодуфӣ
• ҳамҷун писандомада қайд кардан
• фиристодани ғазалҳо ба дӯст
Last updated on Aug 6, 2016
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Memerlukan Android
4.0.3 and up
Category
Laporkan
Девони Ҳофизи Шерозӣ
1.8 by 24TECH
Aug 6, 2016