Use APKPure App
Get 101 кисса аз хаёти Усмон ибни Аффон (р) old version APK for Android
Garden yak қissa al ҳaoti Usman ibn Affon (p)
https://vk.com/kitobhona
https://ok.ru/group/53630571643013
Ислом овардани Усмон (р)
Офтоби нубувват дар Макка дурахшон шуда, торикиҳои ширкро аз байн бурд. Ваҳй бо равшании субҳ, ки қалбҳоро аз нав зинда мекунад, нозил шуд. Усмон (р)-ро рози ниҳонии содиқонааш водор сохт, то ҳар чи зудтар ба сӯи Паёмбар (с) биштобад ва калимаи тавҳидро бо забони воқеият бигӯяд.
Хабари исломи Усмон (р) бо суръат паҳн шуд ва оташи кинаву адоват дар дили амакаш Ҳакам ибни Абулъос ибни Умайя аланга зад. Ӯ Усмон (р)-ро ҳабс намуд ва бо тундӣ ба вай гуфт: Оё аз миллати аҷдоди худ ба дини нав майл менамоӣ? Савганд ба Худо, то дини навро тарк нагуӣ, ҳаргиз туро аз банд озод нахоҳам кард. Усмон (р) аз умқи дили саршор аз имонаш бо овози баланд гуфт: Савганд ба Худо, ҳаргиз ин динро тарк намекунам ва аз он ҷудо намешавам. Имони Усмон (р) баъд аз он, рӯз ба рӯз мустаҳкамтар мешуд ва чун амакаш ин ҳолатро дар вай мушоҳида намуд, ноумед гашт ва ӯро раҳо кард[5].
Издивоҷи Усмон (р)
Абӯлаҳаб ва ҳамсари ӯ Умми Ҷамил, ба бадгӯию азият нисбати Муҳаммад(с) ва дини ӯ пардохтанд. Пас Худованд ҳимояи фиристодаи худро замонат дод ва сураи «Масад»-ро нозил намуд.
Абӯлаҳаб ва Умми Ҷамил дар ғазаб шуда ба қароре омаданд, ки бо талоқ додани ду духтари Паёмбар (с), ки дар никоҳи писарони онҳо буданд, аз ӯ интиқом гиранд. Он ду (Руқия ва Умми Кулсум) пеш аз ҳамбистарӣ ҷудо шуданд ва ин каромате буд аз Худованд барои Расули худ.
Ҳангоме ки ин хабар ба Усмон (р) расид, хеле хушҳол шуд ва шитобон назди Расули Худо (с) омада, дасти Руқияро талаб намуд.
Мардум мегуфтанд: Беҳтарин зану шавҳар дар таърихи башарият Руқия ва ҳамсари ӯ Усмон (р) мебошанд[6].
Некӯтарин зан ва шавҳар
Бо шавқу хушҳолии беандоза Усома ибни Зайд, писархонди Паёмбар (с), ки писарбачаи хурдсол буд, бо табақе пур аз гӯшт, ба хонаи Усмон (р) омад. Онро Паёмбари Худо (с) ба духтараш Руқия (р) ва домодаш Усмон (р) ҳадя фиристода буд.
Чун дохили манзил шуд дид, ки сайида Руқия ҳамроҳи шавҳараш Усмон (р) нишаста аст. Усома гоҳ ба ӯ менигарист ва гоҳе ба Усмон (р).
Баъд аз он вақте назди Паёмбар (с) омад, Расули Худо (с) ба ӯ гуфт: Назди онҳо дохил шудӣ?
Усома гуфт: Бале.
Паёмбар (с) гуфт: Оё зану шавҳаре некӯтар аз онҳо дидаӣ?
Усома гуфт: На, эй Паёмбар (с)[7].
Ҳиҷрати Усмон (р) ба сӯи Ҳабаша
Озору шиканҷа торафт бештар ба ҷони Усмон (р) таҳдид мекард ва кӯшишҳои кофирон барои аз имон дур сохтани ӯ зиёд мешуд. Ин буд, ки Усмон тасмим гирифт, то ҳиҷрат намояд. Ӯ аз зумраи мусулмонон, аввалин касе буд, ки бо аҳли хонаводааш ба сӯи Ҳабаша ҳиҷрат намудааст.
Чанд муддате хабари онҳо ба Паёмбар (с) нарасид. Паёмбар (с) барои дарёфти хабаре аз онҳо берун шуда, ҷӯёи аҳволи онҳо мешуд.
Рӯзе зане аз аҳли Қурайш омада ба Расули Худо (с) гуфт: Эй Абулқосим, домоди шуморо дар роҳи сафараш дидам, ки занаш болои маркаби лоғаре нишаста ва худаш аз паси он мерафтанд.
Паёмбар (с) гуфт: Худованд ҳамроҳашон бод. Дар ҳақиқат Усмон (р) баъд аз Лут (а) аввалин касест, ки бо аҳлаш дар роҳи Худо ҳиҷрат намуд[8].
Фитнаи Наҷошӣ
Дар ибтидои Ислом Усмон (р) бо ҳамсараш ба Ҳабаша ҳиҷрат намуданд. Ӯ назди Наҷошӣ бо як навъ каромату бузургӣ ва иззати нафс, ҳамроҳи дигар саҳобаҳо дохил шуд.
Ҳар шахсе, ки назди Наҷошӣ дохил мешуд, бо ишораи сар ба ӯ таъзим мекард, магар Усмон (р), ки ин корро накард.
Наҷошӣ ба ӯ гуфт: Чӣ чиз шуморо аз саҷда намудан, монанди дигар рафиқонат манъ кард? Усмон (р) гуфт: Ба ҷуз Худо, пеши касе саҷда карданро раво намедонам.[9]
Издивоҷи Усмон (р) бо Умми Кулсум
Сайида Руқия дар Мадинаи мунаввара вафот намуд ва рӯҳи покаш бо шавқу оромиш ба сӯи Парвардигораш рафт. Ҳузну андӯҳ дар дили Усмон (р) ҷой гирифт ва ӯ ин мусибату ва андӯҳро бар дили пурзахмаш ҳамчун розе ниҳон намуда буд.
Баъд аз гузашти рӯзҳо боре Усмон (р) бо Паёмбар (с) назди масҷид вохӯрд. Паёмбар (с) фармуд: Эй Усмон! Ҷабраил маро хабар дод, ки Худованд Умми Кулсумро ба монанди маҳри Руқия ба никоҳи шумо дароварда аст.
Last updated on Jan 19, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Dimuat naik oleh
Quán Duy
Memerlukan Android
Android 4.1+
Category
Laporkan
101 кисса аз хаёти Усмон ибни Аффон (р)
1.0 by Китобхои Исломи
Jan 19, 2018