Используйте приложение APKPure
Историческую версию Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ) можно получить на Android
Имоми Аъзам. Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ) бо забони точики
https://vk.com/kitobhona
https://ok.ru/group/53630571643013
Ибтидо бояд зикр кунам, ки роҷеъ ба ҳаёти имом Абуҳанифа (раҳ) аз паҳлӯҳое, ки дар умум барои хонандаи тоҷик маълум аст ва ё онҳоро хондаву шунида, чизе гӯшзад нахоҳем кард. Дар ин пажӯҳиш масоилеро пайгир мешавем, ки ҳамагӣ наву тоза бошанд. Нуъмон ибни Собит (раҳ) яке аз орифтарини мардум нисбат ба дини Аллоҳ ва донотарини мардум бар аҳволу ҳаёти асҳоби киром (раз) буданд. Инчунин аз фарҳангу тамаддуни волои исломии гузашта ва муосири замони худ огоҳ ва намунае барои уламову имомони баъд аз худ буданд. Худованд ҷазои хайр аз номи уммат барои эшон диҳад.
Вилодат ва насаби ӯ
Абуҳанифа, Нуъмон ибни Собит ибни Нуъмон ибни Марзбон соли 80-ҳиҷрӣ (5 сентябри соли 699) дар шаҳри Куфа чашм ба олами ҳастӣ кушуд. Бештари ҳаёти худ, мисли овони туфулият ва наврасиашро дар зодгоҳаш ба сар бурдааст. Куфа шаҳри бузурге буд, ки он ҷо уламову удабо ва донишмандони фунуни мухталиф, мисли фалсафа, ақоид, фирақу мазоҳиб ва амсоли ин ба сар мебурданд. Имом Абуҳанифа (раҳ) аз хурдӣ ҳамроҳи падараш, ки бозаргони абрешим буд, кор мекард ва мувофиқи одати он замон Абуҳанифа (раҳ) пешаи падарро аз худ намуд. Аммо ӯ бештари вақт ба масҷиди Куфа ташриф меовард ва азбаски зеҳни тез дошт, Қуръони карим ва бисёре аз аҳодиси набавиро ҳифз намуд ва ин шаъни мардумони диндор аст. Шуғли дӯстдоштаи ӯ тиловати Қуръон буд, ҳатто баъзе ровиён дар ин маврид муболиға намуда, мегӯянд: Имом Абуҳанифа (раҳ) дар рамазон шаст маротиба Қуръонро хатм мекардааст. Инро ба хотири диндорӣ ва эҳтимоми ӯ ба улуми динӣ гуфтаанд. Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ҳоле, ки тиҷоратро пешаи худ намуда буд, ба воя мерасид ва аз ин амали худ моли зиёде ба даст овард. Ба ҷуз ин ақлу идрок ва зеҳни буррову қувваи фикрронии фавқулоддае дошт, то он ҳад, ки таваҷҷӯҳи онҳоеро, ки ӯро дар ҳоли муҷодала медиданд, ба худ ҷалб менамуд.
Баъзе аз уламо қабули хотиру лутфи зеҳнии ӯро дида, барои рафтан назди уламо тавсия доданд. Дар ин вақт, дар Ироқ, махсус дар шаҳри Куфа се навъи ҳалқаҳои илмӣ вуҷуд дошт.
Ҳалқаҳои музокара дар усули ақоид.
2. Ҳалқаҳои музокараи аҳодиси Расулуллоҳ (с), ҷамъи онҳо аз шаҳру манотиқи мухталиф, сухан дар бораи ровиёни аҳодис, аҳволи онҳо ва то куҷо эътимод намудан ба онҳо.
Ҳалқаи шарҳи фиқҳ аз Қуръон ва суннат, фатво додан дар ҳаводисе, ки бори нухуст воқеъ мешаванд ва онҳо ҳоҷат ба омӯхтану фаҳмидан доранд. Барои ёфтани фатво аз китобу суннат ва аъмоли муҷтаҳидини собиқ кӯшиш мекарданд.
Имом Абуҳанифа (раҳ) бо ҳама тадриси мухталиф, аз рӯи зеҳнияти фавқулоддае, ки дошт ошно гардид. Ӯ дар илми калому тавҳид ва улуми ғайб муҷодала намуда, дар ҳалқаҳои музокараи аҳодиси
Паёмбар (с) ва ривояти он ҳозир шуд. Эшон дар ин майдон низ нақши бузург доштанд ва чандин аҳодис аз Паёмбар (с) ривоят карданд. Баъд аз он имом Абуҳанифа (раҳ) рӯ ба фиқҳ овард. Баъд аз ин ки ба умқи дигар илмҳо ошно гардид, назди машоихи бузурги Куфа маводи мухталифи фиқҳро амӯхт ва шогирди яке аз онҳо гардида, аз назди ӯ фориғуттаҳсил шуд. Куфа дар он замон ватани фуқаҳои Ироқ маҳсуб меёфт.
Имом Абуҳанифа (раҳ) бар ин бовар буд, ки толиби илми фиқҳ бояд фиқҳро аз машоихи мухталиф ҳосил кунад ва дар фазои он зиндагӣ намояд ва мулозими яке аз он фақеҳони мумтоз шуда аз назди ӯ фориғуттаҳсил гардад, то ӯро аз масоили дақиқи он огоҳ созад. Дар ин боб ҷои дигар чунин менигорад: Дар маъдани илм ва фиқҳ будам, пас ба аҳли он ҳамнишин гаштам ва фақеҳе аз фуқаҳои онро мулозим гаштам.
Last updated on 28/01/2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Загрузил
Fernadinho Kasa
Требуемая версия Android
Android 4.1+
Категория
Жаловаться
Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)
21.013 by Китобхои Исломи
28/01/2018