We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

Oписание ЧАҲОР КИТОБ

ШАРҲИ МУҚАДДИМАИ “ЧАҲОР КИТОБ”

1. Китоби беҳтарин дар шарҳи муқаддимаи "Чаҳор китоб".

2. Дорои дизайн ва шакли зебо.

3. Дорои функсияҳои бисёр.

***********************************

Реҷаи шабона ва рузона

Ҳарфҳоро Калон ва Хурд кунед

***********************************

МУҚАДДИМА

1-Китобро бо номи Худо, яъне бо “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим” оғоз мекунам.

2- Ба номи он Худое, ки аз ду ҳарф, яъне аз ҳарфи “Коф” ва ҳарфи “Нун” дар калимаи “Кун”, ки маънояш “Бишав” аст, арзу само, яъне замину осмон ва ҳамаи махлуқотро офаридааст.

3-Номи Аллоҳ таолоро бо сидқи комил ва ихлоси том ва бидуни риё ва худнамоӣ бо нияти дарёфти ризо ва хушнудии Аллоҳ ба забонамон меорем.

БАЁНИ ДАЛЕЛҲО

1- Агар пурсанд, ки бо “Бисмиллоҳ” оғоз кардан чӣ ҳукм дорад?

Ҷавоб мегӯем, ки суннат аст. Зеро дар ривояти китоби “Арбаъини Раҳовӣ” бо санади аз дидгоҳи Ҳофиз “ҳасан” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«كل امر ذي بال لا يبدأ فيه ببسم الله الرحمن الرحيم فهو أقطع» (حديث حسن. و قال الحافظ في نتائج الأفكار لابن حجر -3/ 277: وفي رواية: "كل أمرٍ ذي بالٍ لا يبدأ فيه ببسم الله الرحمن الرحيم فهو أقطع" روينا هذه الألفاظ كلها في كتاب الأربعين للحافظ عبد القادر الرهاوي،وهو حديث حسن،وقد روي موصولاً كما ذكرنا، وروي مرسلاً، ورواية الموصول جيدة الإسناد، وإذا روي الحديث موصولاً ومرسلاً فالحكم للاتصال عند جمهور العلماء لأنها زيادة ثقة، وهي مقبولة عند الجماهير.)

“Ҳар кори муҳиме бидуни “Бисмиллоҳ” оғоз гардад, бебаракат аст”.

2-Агар пурсанд, ки бо “Бисмиллоҳ” шуруъ кардан чӣ манфиат дорад?

Ҷавоб мегӯем, ки “Бисмиллоҳ” гуфтан ба нияти тақлид ва пайравӣ аз суннат ва таълими Пайғамбар (с) тоъату ибодати Аллоҳ таоло мебошад ва аҷру савоби бузург дорад. Зеро дар оятҳои илоҳӣ ва суннати набавӣ амру дастур ва тарғибу ташвиқ барои тақлиду пайравӣ аз суннати Пайғамбар (с) дода шудааст. Аз ҷумла дар ин оятҳо ва ҳадиси шариф:

1- Дар ояти 80 сураи “Аннисо” Аллоҳ таоло фармудааст:

1- {مَنْ يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّهَ}) النساء: 80)

“Касе Пайғамбарро итоъат намояд,ба таҳқиқ Аллоҳро итоъат кардааст”.

2-Дар ояти 132 сураи “Оли Имрон” Аллоҳ таоло фармудааст:

2- {وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ} (آل عمران: 132)

“Аллоҳ ва Расулро итоъат кунед, шояд мавриди раҳмат қарор гиред”.

3- Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) фармудааст:

3- «كُلُّ أُمَّتِي يَدْخُلُونَ الجَنَّةَ إِلَّا مَنْ أَبَى»، قَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ، وَمَنْ يَأْبَى؟ قَالَ:«مَنْ أَطَاعَنِي دَخَلَ الجَنَّةَ،وَمَنْ عَصَانِي فَقَدْ أَبَى» (كذا في صحيح البخاري -9/ 92/7280 - عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ )

“Ҳамаи умматони ман вориди биҳишт мешаванд, ба ҷуз касоне, ки ибо бикунанд. Асҳоби киром гуфтанд: Эй Пайғамбари Аллоҳ! Чӣ касе аз даромадани биҳишт ибо мекунад? Пайғамбар (с) гуфт: Касе аз ман итоъат бикунад ба биҳишт медарояд ва касе аз ман нофармонӣ бикунад, аз даромадани биҳишт ибо кардааст”.

2- Агар пурсанд, ки шумо бо кадом далел мегӯед, ки Аллоҳ таъоло бо ду ҳарф замину осмонро офаридааст?

Ҷавоб мегӯем, ки далел ояти 82 сураи “Ёсин” аст ва дар он Аллоҳ таоло чунин фармудааст:

{إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ} (يس: 82)

“Фармоиш ҷуз ин нест, ки чун чизеро бихоҳад (биофарад) ба он гӯяд: “Бишав!”, пас он падид меояд”.

Замину осмон ва тамоми дигар мавҷудоти олам бо ин амри илоҳӣ, яъне “Бишав!” по ба арсаи вуҷуд ниҳодаанд.

Что нового в последней версии 1.2

Last updated on 16/10/2022

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Загрузка перевода...

Дополнительная информация о Приложения

Последняя версия

Запросить ЧАҲОР КИТОБ обновление 1.2

Загрузил

Carlos Fernando

Требуемая версия Android

Android 5.0+

Ещё

ЧАҲОР КИТОБ Скриншоты

Язык
Подпишитесь на APKPure
Будьте первым, кто получит доступ к раннему выпуску, новостям и руководствам лучших игр и приложений для Android.
Нет, спасибо
Подписаться
Подписка оформлена!
Теперь вы подписаны на APKPure.
Подпишитесь на APKPure
Будьте первым, кто получит доступ к раннему выпуску, новостям и руководствам лучших игр и приложений для Android.
Нет, спасибо
Подписаться
Подписаны!
Теперь вы подписаны на нашу рассылку.