ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.СайидоиНасафӣ


1.0 by AndroidTJ2
2016年10月03日

關於ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.СайидоиНасафӣ

GULCHINIҒAZALIЁT.SayidoiNasafӣ

Бипўш аз ҳастии худ чашму айши ҷовидонӣ кун,

Нишин дар кунҷи хилватхонаи худ, комронӣ кун!

Мадеҳ раҳ дар ҳарими хоси худ васвоси шайтонро,

Ба ҳар ҷо по ниҳӣ атрофи худро посбонӣ кун!

Рухи худ меҳр вақти шом созад аз шафақ гулгун,

Ту ҳам аз ҷоми май дар мавсими пирӣ ҷавонӣ кун!

Фалакро ҷомаи фатҳ аст дар бар хилъати нилӣ,

Либоси хешро, то метавонӣ, осмонӣ кун!

Надорад ҳеҷ суде ин замон ангушт хоидан,

Кӣ гуфт, эй шамъ дар аввал ба оташ ҳамзабонӣ кун?

Табассумҳои рангин ғунчаро дар зери по бошад,

Ғами айём агар дилтанг созад, шодмонӣ кун!

Дили хун гаштаамро аз лаби худ шаодмон гардон,

Сабўи бодаамро пур зи оби зиндагонӣ кун!

Агар хоҳӣ ба занҷир оварӣ пойи бузургонро,

Бирав дар мулки Ҳинду чанд рўзе филбонӣ кун!

Бувад розӣ марги хеш дар кунҷи қафас булбул,

Макаш теғ аз ниёми кину бо мо меҳрубонӣ кун!

Агар хоҳӣ гузорӣ, Сайидо, сар дар рикоби ў,

Ба барқи гарм рав якчанд рўзе ҳамъинонӣ кун!

更多應用信息

最新版本

1.0

上傳者

Mir Hussain

系統要求

Android 2.1+

舉報

舉報不當內容

更多

下載 APKPure App

可在安卓獲取ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.СайидоиНасафӣ的歷史版本

下載

下載 APKPure App

可在安卓獲取ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.СайидоиНасафӣ的歷史版本

下載

ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.СайидоиНасафӣ相關應用

AndroidTJ2 開發者的更多應用

最新發現