下載 APKPure App
可在安卓獲取Дурратул Воъизин кисми 2 (дурратул воизин)的歷史版本
Durratul-Voizin \ durratulvoizin \ duratul voizin \ duratulvoizin 2
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
дурратул воизин
Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон
Баъди ибрози ҳамду сано баХудои яктову беҳамто ва ирсоли дуруди бепоён ба фиристодаи барҳаққи У-ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва олу асҳоби эшон ва салому паёмҳои самимӣ ба шумо - бародарону хоҳарони азизу гиромӣ бо як ҷаҳон ҳисси хушҳолӣ ва шукргузорӣ аз лутфи Худованди бениёзи банданавоз маълуми хотири мубораки шумо мегардонем, ки инак бо гузашти солҳо, айёми такопӯ ва ҷустуҷӯҳо ва заҳмати фаровон бори дуввум китоби маҳбубгаштаи мардуми диёр, яъне “Дурратулвоъизин” дастраси муштоқон гардид.
Тавре маълум аст аз он рӯзе, ки нахустин бор китоби "Дурратулвоъизин” интишор ёфт, расо 12 сол сипарӣ гашт. Хушбахтона он чирс мо аз нашри китоби саршор аз панду ҳикмат ва андарзу насиҳат нигаронӣ доштем ба вуқӯъ пайваст. Яъне ҳамдиёрони азизи мо бо хушӣ ва дилгармию самимият аз он истиқбол намуданд, ки ба зудӣ дар миёни ҳамагон шуҳрат ёфт, сафи талабгоронаш рӯз аз рӯз афзунӣ дид ва аз дасте ба дасте гузашту ҳанӯз ҳам ташнагони маърифати Илоҳӣ дар нуқгаҳои китобфурӯшии кӯчаву бозорҳо аз он ҷӯё мешаванд ва мо аминем, ки ин муҳаббат сол аз сол иншоаллсҳ беш аз пеш зиёдтар хоҳад шуд.
Ҷои зикр аст, ки ношири ҳақбари он Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ онро ҳамон соли 1990 ҳамагӣ як маротиба ба нашр рзсонидааст. Мо ҳам таҳиягарони китоб дар ибтидо пеши худ мақсад гузошта будем, ки онро аз хати ниёгон ба хати имрӯза баргардон намуда, бо сифати хубу ороиши баланд ҳамчун садақаи ҷория пешкаши ҳамватанони худ гардонем. Хушбахтона, шукр мегӯем, ки ба фазли Худованд мо ба мароми неки худ расидем. Ин ҳам ногуфта намонад, ки на ношир ва на таҳиякунандагони китоб аз нашри он ҳеҷ маблағе ҳақбар нашуданд ва мақсади мо ҳам на ин, балки анҷоми як кори хайру савоб барои бародарону хоҳарони худ буд. Вале боиси таассуф аст, ки солҳои баъд то имрӯз ин китоб бе ичозати соҳибони имтиёз, яъне таҳиягарон ва ношир даҳҳо маротиба аз тарафи шахсони номаълум пинҳону ошкор гуё ҳамон нусхаи таҳияшуда, бо овардани ҳамон унвону ҳамон муаллифону сабти ҳамон сол бе сарсухану бо навишти дигар дар 116-саҳифа ҳол он, ки нусхаи аслиаш 124-саҳифааст, яъне бо ихтисори 8-саҳифа бо сифати паст пур аз садҳо хато нашр ёфту нашр меёбад. Оё ин дар ҳаққи бародарони мӯъмин тӯҳмат нест? Оё ин хиёнат ба меҳнати муъаллифони китоб нест? Ҳайфо, ки дар байн ба чоп расидаро ба мо иснод медиҳанд. Маълум аст, ки мақсади чунин “ноширон” на қонеъ сохтани талаботи хонандаи ташнаи маърифати Илоҳӣ, на ғанӣ гардонидани олами маънавӣ ва на хизмат борои рушду нумӯи дину оин ва адабиёту фарҳанги миллат будааст, балки ғарази онҳо ба ҷуз қонеъ сохтани талаби нафси аждаҳомонандашон чизе беш набуда. Ҳайрат дорем аз чунин афрод, ки чун худро соҳибмаърифат ва аҳли эмон медонанд боре ба андеша намераванд, ки чунин амалашон ба ҷуз дуздӣ, ғорат ва хиёнат ба амонат тафсили дигаре надорад. Чун имрӯз ин тоифа аз киссаҳои варамидаи хуш меболанд дур нест, ки ҳамин ашхос дар рӯзи дилкӯбкунанда аз интихоби хиёнаташон биноланд!
Дурратул-воъизин - ин китоби ниёгони мост мо ҳама баробар ҳақбарем, локин инро бо крилик бо садҳо хато нависанду бе таҳрир аз номи дигар кас бо мақсаде ба чоп расонанд, аз ин амал ба қайри резонидани обрӯи бародари мӯъмин кори дигаре нест. Бинобар ин муҳаррири китоби мазкур ба ҳамаи ин бесарусомонӣ нигоҳ накарда, бо назардошти иштиёқи баланди бародарону хоҳарони худ ёрӣ аз Худо хоставу камари ҳиммат баста бори дигар дар пайи таҳриру нашри он ва дар давом китобе чун “Дурратулвоъизин” шуд. Таъкид ба маврид аст, ки дар асл “Дурратулвоъизин” не, ки ба мо аз ниёгон мерос мондаасту то имрӯз мардум дар даст дорад ҳамагӣ як ҷилд аст. Вале чун аз як сӯ ҳамин унвони китоб дар зеҳни хонанда хона кардааст ва аз сӯи дигар борҳо аз дӯстдорони китоб шунидаем, ки ҳамин китоб (“Дурратулвоъизин”) қисми дуюмаш кай аз чап мебарояд?
Дурратул-Воъизин \ дурратулвоъизин \ дуратул воизин \ дуратулвоизин 2
Last updated on 2018年05月26日
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Дурратул Воъизин кисми 2 (дурратул воизин)
1.0 by Китобхои Исломи
2018年05月26日