We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Манзарахои зебои бихишт 圖標

11.02 by Китобхои Исломи


2018年04月21日

關於Манзарахои зебои бихишт

Kitob禮物寶來“Manzaraҳoi澤波biҳisht”

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Қиссаи зиндагӣ ё аҳком

Биҳишт

Лаззатҳои маънавӣ

Эҳтироми махсус

Камоли моддии аҳли биҳишт

Ҳамсарони биҳиштӣ

Сохтмони биҳишт

Замини биҳишт

Он чи дар зайл меояд, ҳақоиқест, ки бар ман гузашта ва ба онҳо имон дорам, мумкин аст бо хулқу хӯи бисёре аз мардум ҳам созгор набошад ва иддае ба ин ақоид ришханд бизананд. Аммо ин қадар медонам, ки ҳарчанд иштибоҳ ҳам карда бошам, дар ин маврид, ки ҳамаи инсонҳо рӯзе ин кураи хокиро видоъ хоҳанд намуд, ҳаргиз дучори иштибоҳ нашудаам.

Дар хилвати худам, дар дили шабҳое, ки тамоми онҳое, ки рӯзашонро дар чорчӯби як зиндагии заминӣ – бидуни иттисол ба ҳаёти абадӣ – шакл додаанд ва рӯъёҳои ширини фардояшонро наззора мекунанд, дар ин миён сукуте, ки ҳамаи атрофамро фаро мегирад, бо худам меандешам, ки ман ин ҷоӣ нестам, ту ҳам инҷоӣ нестӣ. Аслан ҳар кас ҷовидонагӣ ва абадиятро қабул дорад, инҷоӣ нест!

Аммо куҷоӣ ҳастем ва ба куҷо хоҳем рафт? Чӣ сарнавиште дар интизорамон аст? Чӣ раҳтӯшае баргирем, ки воқеъан раҳтӯша бошад? На ваболу сарборамон?

Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ буд?

Ба куҷо меравам, охир нанамоӣ ватанам?

Мурғи боғи малакутам, наям аз олами хок,

Ду-се рӯзе қафасе сохтаанд аз баданам.

Эй хуш он рӯз, ки парвоз кунам то бари дӯст,

Ба ҳавои сари кӯяш пару боле бизанам.

Агар ҳарфҳои ҳақирро қабул надорӣ ва мехоҳӣ бо таҷоҳуле орифона аз канорашон бигзарӣ, ишколе надорад. Аммо қабл аз он нигоҳе ба сафҳаи вафоткардагони яке аз рӯзномаҳои кишвар бияндоз. Бубин, ки пеши кадом яке навишта шудааст: «Қаблан огоҳаш карда будем, аммо таваҷҷуҳ накард». Хуб, ҳоло чӣ? Ҳоло ҳам мегӯӣ, ки навбати ман баъд аз ҳама аст? Ё ин ки акнун қонеъ шудӣ, ки рӯзе ҳам навбати мо хоҳад расид?

Ростӣ агар марг саффӣ ва навбатӣ буд, мешуд одамӣ сар бикашад ва баъд аз ин ки хотираш ҷамъ шуд, ки ҳоло ҳолоҳо навбаташ намерасад, бо хотире осуда ба корҳои дунявиаш бипардозад, аммо афсӯс, ки дар ин қисмати умр Худованд гулӯгоҳе гузошта, то махлуқоташ дар ҳар ҳол ва шароите, ки ҳастанд, «марг»-ро ба худ наздик бубинанд.

Шумо дар ҳоли ҳозир машғули мутолиаи ин бахш ҳастед. Чун барои суръат ва фикру андешаи одамӣ ҳадду андозае вуҷуд надорад, ҳоло дар зеҳнатон як мурури куллӣ аз оғози таваллуд то кунун бинамоед. Бубинед, ки дар байни хонаводаву хешовандон, дӯстону ошноён ва ҳамшаҳриёнатон чанд нафар дори фониро видоъ гуфтаанд ва ба олами боқӣ пайвастаанд. Агар бовар дорӣ, ки инҷоӣ нестӣ, кофист, зеро ҳамин қадар бовар кунӣ, ки инҷоӣ нестӣ, воқеан истеъдоди инро дорӣ, ки бидонӣ ба куҷо хоҳӣ рафт ва куҷоӣ ҳастӣ.

Вақте қабул кардӣ ва яқин ҳосил намудӣ, ки ту ҳам узве аз ин корвон ҳастӣ, ки миёни ҳарду адам қарор гирифтаанд ва ҳар замон теъдоде ба ин корвон мепайванданд ва бисёре аз он вомемонанд.

Коре надорад. Аз ҳамин фардо тасмим бигир ва рӯи тасмимат барои ба даст овардани ҷаҳоне саросар шодӣ ва нишоту фараҳ саъйу талош кун. Хеле сахт ҳам нест. Аз ҳамин фардо бо худат ин воқеъиятро ҳамвора такрор кун, ки ҳама аъмолу кирдор ва нияту афкори мо инъикосу натиҷае муносиби шаъни ҳамон амал ва кирдору пиндор доранд. Дар ҳадди бизоат саъй кун, раҳтӯшаи ухравиатро фароҳам оварӣ, агар мехоҳӣ алмос ҷамъоварӣ намоӣ, аз фардо шуруъ кун. Суроғаро ман медиҳам, ту бовар кардаӣ, ки инҷоӣ нестӣ, пас барои он ҷое, ки барои ту сохтаанд, алмос ҷамъ кун. Фақат як шарти ҷузъӣ ва осон дорад ва он ин аст, ки остин боло бизанӣ ва бовар кунӣ, ки корҳое, ки мекунӣ, ҳама барои тақарруб ба сӯи Худост ва подошдиҳандаи аслӣ танҳо ӯст. Аз ҳамин фардо ба рӯи бачаҳои кӯчакат ва ҳатто бузургат лабханди бештаре бизан. Нури муҳаббату имонро дар дилҳояшон мунаввар кун. Бо ҳамсарат хушхулқтар бархӯрд кун. Агар дар самти ҳаракатат пиёдаеро мебинӣ, ӯро савор кун. Аз ӯ пул талаб накун ва ба худат бигӯ, ки ин савор шудан барои охиратам бошад. Агар метавонӣ, худро ба ҷои одамҳои нодору бебизоат бигузор ва миқдоре аз он чи дорӣ, ба онҳо бидеҳ. Агар имконаш бароят вуҷуд дорад, дарахте бинишон ва ҳайвонеро сер кун. Аз фардо ба рӯи мардум бо табассум нигоҳ кун.

最新版本11.02更新日誌

Last updated on 2018年04月21日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

翻譯中...

更多應用信息

最新版本

請求 Манзарахои зебои бихишт 更新 11.02

上傳者

Čhēböl WhîīŠkēy

系統要求

Android 4.1+

更多

Манзарахои зебои бихишт 螢幕截圖

語言
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
訂閱成功!
您已訂閱APKPure。
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
成功!
您已訂閱我們的郵件通知。