We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
♥ Мехри шавхарро ба даст ор ♥ 圖標

635 by Китобхои Исломи


2018年10月02日

關於♥ Мехри шавхарро ба даст ор ♥

50 Ziyoda人NasihatきMekhri shavharro nisbat耦合duchand menamoyad

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Ба даст овардани Дунё хунар нест,

Якеро дил ба даст ори хунар аст.

Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон

Хамду сано мар Офаридагори оламро ва дуруду саломи бепоён бар фиристодаи Ў ва бехтарини оламиён Мухаммад (с) ва бар олу асхобу тобиъинаш.

Хамоно Худованд (ч) неъмати издивоч намуданро ба мо арзони дошта онро нишонае (ояте) аз нишонахои бузургии худ барои касоне, ки дар офаридахои Ў (ч) тафаккур мекунанд, гардонид.

Каломи Худованд:

«Ва аз нишонахои қудрати Ўст, ки бароятон аз чинси худатон хамсароне офарид, то ба онхо оромиш ёбед ва миёни шумо дўстиву мехрубони ниход. Албатта, дар ин ибратхост барои мардуме, ки меандешанд».

Худованд (ч) Мухаммадро (с) хамчун Паёмбар ва рохнамо ва муждадихандаву бимдиханда ба мо фиристод ва Ў (с)-ро намунае дар чанг задан ба одобу ахлоқ ва побанд будан ба манхачи Илохи барои мо гардонид. Пас Мухаммад (с) бехтарин Паёмбар барои умматаш, бехтарин (рохбар) сарлашкар барои асокираш (размандагонаш), бехтарин шахвар барои хамсаронаш ва бехтарин падар барои фарзандонаш буд.

Паёмбар (с) шавхаронро таълим дод, ки чи гуна шарики хуб барои хамсаронашон бошанд. Ва фармуд:

«Бехтарини шумо онхое хастанд, ки бо ахлашон равияи некўтар доранд ва ман бехтарини шумо барои ахлам хастам». Паёмбар (с) худ намунаи шавхари некў буд. Нисбат ба занонаш рахмдил буд, табиъаташонро медонист ва эхтиёчоти онхоро дар назар мегирифт. Дар рафтори худ хашмину сахтдил ва золиму мустабид набуд, балки рахмате буд аз чониби Худованд (ч), сохиби қалби лабрез аз шафқат. Ба тахқиқ Паёмбар (с) барои душманонаш рахмат буд, пас бо дўстонаш чи гуна хохад буд?! Харгиз барои задани барда (хидматгор, банда, ғулом) ё зане даст набардоштааст, аз дахонаш харгиз лафзе, ки зан ё марди мусалмонеро озор дихад, набаромадааст. Ў (с) гуфтори зиштро чун куфр бад медид. Хамеша дар хизмати ахлу оилаи худ буд ва хар вақте бонги азонро мешунид, ба сўи намозгох берун мешуд, гўё ки онхоро намешинохт ва онхо ўро намешинохтанд. Харгиз дар хаққи касе чабру зулм накардааст. Хуқуқи хамсарони хешро ба пурраги адо намуда, намунае аз адл байнашон буд.

Ва чаро байни хамсаронаш адолат накунад? Дар холе ки Паёмбар (с) қоил ба ин аст, ки «Адлкунандагон рўзи қиёмат дар минбархое аз нур дар тарафи рости (хар ду дастони Ў (ч) дасти рост хастанд), Рахмон хастанд. Ононе ки дар хукм ба ахлашон ва ба зердастонашон адл мекунанд».

Харчанд сахифахоро дар бораи сифатхои Мухаммад (с), ахлоқи эшон ва муъомилааш бо занони покдоманаш пур намоем, хаққи ўро (с) адо карда наметавонем, зеро маноқиби эшон ва сифатхои некўи эшон (с) бисёртар аз шумор ва бузургтар аз адад аст. Барои мо басандааст, ки яке аз азвочи мутахаррот, Расули акрам (с)-ро мадх карда мегўяд: «Ахлоқи эшон қуръони буд». Ин шаходати хамсарест, ки аз хама асрори шавхари худ огох аст ва аз умуре огох аст, ки дигарон огох нестанд. Аз хамин сифатхои оли ва ахлоқи некўи бехтарин шавхар барои хамсаронаш намунае чанд хохем овард, то шавхарон чи гуна бо хамсаронашон муъомила карданро биомўзанд. Сифатхое хастанд, ки хар як шавхари мусалмон бояд худро бо онхо зинат дихад, тавре ки Паёмбар (с) рафтор мекарданд ва роххое хастанд, ки шавхар метавонад бо пайгири намудани он, қалби хамсарашро ба даст орад ва назди ў махбуб гардад. Дар бораи чунин сифатхои оли дар сафхахои оянда бо ёрии Қуръони карим ва хадиси Паёмбар (с) сухан хохем ронд. Инчунин дар сухани хеш аз фармудахои хукамо ва донишмандони сохаи оилаву оиладори ва бахсхову тахқиқоти эшон мисолхо хохем овард. Бисёртар мисолхо зикр нахохем кард, лекин онро бо воқеъият дар муъомила муқоиса мекунем ва хар шавхар бидуни таклиф ва машаққати нафсию бадани имкон дорад ба пайравии он пардозад.

( Чи бояд кард, то хамсарат туро дўст дорад? (Ё панчоху ду тариқае, ки мухаббати шавхарро ба хамсараш дар партави Қуръони карим ва Суннати Набави зиёд менамояд) китоби исломи точики точикистон точик таджикистан мехр мухаббат ишк ошик хамсар зан занак дуст хушдоман падар модар хохар бародар додар шавхар ва зан шу дил )

最新版本635更新日誌

Last updated on 2018年10月02日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

翻譯中...

更多應用信息

最新版本

請求 ♥ Мехри шавхарро ба даст ор ♥ 更新 635

上傳者

Marine Reus

系統要求

Android 4.0+

更多

♥ Мехри шавхарро ба даст ор ♥ 螢幕截圖

語言
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
訂閱成功!
您已訂閱APKPure。
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
成功!
您已訂閱我們的郵件通知。